Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати донишгоҳ ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва корманду донишҷӯёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми ноябри соли 2019 ҷашн гирифта мешавад, аз самими қалб табрику таҳният мегӯяд.

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ

Дар ибтидои моҳи ноябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ ва хотирмон ҷашн гирифта шуд ва дар ин айём аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба тасвиб расид, ки он ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар тааллуқ дорад.

Ҳамчунин, дар солҳои охир бо саъю кӯшиши Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои 2019-2021-Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳар як гӯшаю канори меҳан корҳои созандагию ободкорӣ рафта истодааст, ки ин амал ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.

Чунин рушди босуръати соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба душманону ватанфурӯшони давлат ва миллати солори тоҷик хуш намеояд ва онҳо аз рӯи бухлу ҳасад ва ғаразу кинаварзӣ нисбат ба давлату миллати тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ҳар гуна туҳмату буҳтон ва лофу газоф мегӯянд.

Имрӯз давлати тоҷикон тавоною неруманд аст ва ба дасисабозию вайронкории душманону хоинони ватан ҷавоби сазовор медиҳад.
Масалан, 3-юми ноябри соли равон ҷангиёни ба ном «Давлати исломӣ» дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сарҳади давлатиро гузаштанд ва шаби 6-уми ноябри ҳамин сол ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд.

Дар натиҷаи амали фаврии ниҳодҳои қудратии мамлакат 15 нафар аз ин гурӯҳи мусаллаҳ кушта шуд ва 5 нафари онҳо дастгир гардиданд.

Ҳамчунин, мухолифону ватанфурӯшон «аз таги нохун чирк кофта», сафари хидматии Президенти кишварро ба давлатҳои Аврупо мавриди таҳлилу баррасии ғаразнок ва ғайриобъективона қарор додаанд, ки албатта, ба ин суханони бепояву бемантиқ ва душманони онҳо касе бовар намекунад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст ва Тоҷикистон бо бештари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, бо кишварҳои аврупоӣ робитаи сиёсию иқтисодӣ дорад. Аз ин рӯ, Президенти кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун роҳбари муваффақ ва ташаббускор шинохта ва эътироф гардидааст ва ин сафари навбатии мавриди назари сарвари давлати тоҷикон ба кишварҳои Аврупо чун сафари хидматӣ ба хотири таҳкими робитаҳои ҳасанаи кишвари мо бо Конфедератсияи Швейтсария ва Франсия мебошад.

Айбҷӯию кинаварзӣ ва туҳмату буҳтони душманону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷикон далели заъфу нотавонии зеҳнӣ ва мавқею вазни сиёсӣ надоштани онҳо мебошад. Имрӯз онҳо ягон нерӯи сиёсии солиме нестанд, дар ҷомеаи кунунии мо мавқею нуфузе надоранд ва афкору ақидаҳои ғаразноки онҳо аз ҷониби мардуми тоҷик ва, бавежа, ҷавонони мо пазируфта намешавад.

Ба ҳамаи душвориҳои ичтимоӣ иқтисодӣ нигоҳ накарда Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ таҳти роҳбарии Президенти кишвар Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт қадамҳои устувор пеш гузошта истодааст. Дар як муддати кӯтоҳ сохта ба истифода додани роҳу пулҳо ва нақбҳо, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳони беруна аз чор тарафи кишвар пайваст мекунад ва тавассусти ин роҳҳо Тоҷикистон ба мамолики шарқу ғарб, шимолу ҷануб бо роҳҳои автомобилгарди байналхалқӣ алоқаҳои иқтисодии худро ривоҷ дода истодааст.

Тавассути чорабиниҳои стратегии давлатӣ аз 1999 то соли 2018 дараҷаи камбизотаӣ дар мамлакат аз 86% ба 25% кам карда шуд. Бо талошҳои шабонарӯзии роҳбарияти олии кишвар дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, низ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла дар ин муддат нерӯгоҳҳои обии барқии сангтуда 1, Сангтуда 2 сохта ба истифода дода шуда, дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар 354 нерӯгоҳҳои хурди барқӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар дигар бахшҳои хоҷагии халқ, низ пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Аз ҷумла дар соҳаи маориф, тандурустӣ, хоҷагии комуналӣ, соҳаи сайёҳӣ, кишоварзӣ, бахши саноат таи 10-солаи охир корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Имруз Тоҷикистон бо 160 мамлакати дунё алоқаҳои иқтисодию фарҳангӣ ба роҳ монда аст. Маркази кишвар ш.Душанбе рӯз то рӯз симои худро дигар карда истодааст. Ҳамаи ин дастовардҳо нотавонбинони кишвари моро дар хориҷи мамлакат ором гузошта, наметавонанд ва онҳо ба ҳар роҳу восита тавасути ахбори умум нисбати пешравиҳои кишвари мо куркурона муносибат намуда, беасос санг мезананд.

Ҳолати ҳузнангезе, ки шаби 6.11.2019 дар қисми ҳарбии сарҳадии Ишқобод рух дод, яъне ҳуҷуми яроқноки гуруҳи террористии давлати исломӣ, ки аз хоки Афғонистон пинҳонӣ гузашта мақсадҳои нопоки худро амалӣ карданӣ буданд, боз аз он нишон медиҳад, ки нотавонбинони миллати мо, ҳанӯз ҳам дар хориҷ аз мамлакат ором нестанд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ҷомеаи ороми моро ноором созанд. Албатта ин беҳуда нест, зеро ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои орому осоиштаи қаламрави Осиёи миёна ва ИДМ эътироф гаштааст. Ин оромию сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, пешравиҳои иқтисодӣ қариб дар ҳама соҳаҳои халқи кишвар, ин нотавонбинонро дар хориҷи кишвар боз ҳам, ором намегузорад. Онҳо фикр намекунанд, ки мардуми Тоҷикистон душваориҳои солҳои 90-ум аз сар гузарондаи худро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунанд ва намегузоранд, ки бори дигар мардуми Тоҷикистонро бо роҳу найрангҳои сиёсии худ ин нотавобинон ба гирдоби иғвоангези худ кашанд. Имрӯзҳо ҳар як фарди кишвар аз дастовардҳои таи солҳои охир дар давраи осоиштагӣ ба дастовардаи мамлакат бохабаранд ва намегузоранд, ки ин пирӯзиҳо боз дубора ба гирдоби иғвоангези хоинони миллат баргардад. Ҳуҷуми номардонаи гурӯҳи давлати исломиро хурду калони мамлакати тозаистиқлоли мо маҳкум менамояд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар Тоҷикистон барои пешгирии чунин найрангҳои хоинони миллат тамоми нерӯи зарурӣ дида мешавад ва ҳамбастагии тамоми қишрҳои ҷомеа бо давлату ҳукумат нишонаи ин нерӯ мебошанд. Ба боварии комил гуфта метавонем, ки миллати тамаддунофари тоҷик ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ҷомеаи орому осоиштаи моро хоинони миллат ба гирдоби фиребу найрангҳои нотавонбинонаи худ кашанд.

Мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Қурбонова З.М.

ё муъҷизаҳои офаридашуда дар натиҷаи муттаҳидии халқ дар атрофи Пешвои маҳбуби худ.

Мардуми шарифи тоҷик бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо азму ирода ва талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-ми сентябри соли равон дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди боз як рӯйдоди муҳиму нодир - ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» гардида, зиёда аз 28 сол боз дар фазои сулҳу озодӣ ва ободию гул-гулшукуфӣ бо шукургузорӣ арзи ҳастӣ доранд.

Ин чунин маъно дорад, ки дар кишвар ҳануз 18 ноябри соли 2018 аз ифтитоҳи агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» марҳилаи сифатан нави рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи энергетика оғоз ёфта, мардуми тоҷик бо меҳнати содиқона таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди неругоҳу хатҳои интиқоли барқ, зерсохторҳои асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии мамлакат камари ҳиммат баста, дар натиҷаи муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои маҳбуби худ ба комёбиҳои беназир ноил гардидаанд.

Дар воқеъ, дар ҷаҳони муосир иншооте арзи вуҷуд намуд, ки барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо сарчашмаи муттаҳидӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва сарбаландию сарфарозӣ, балки мояи ифтихори имрӯзу фардо, амалӣ гардидани ормони миллӣ, рӯи сурхи ҳар як сокини бонангу номус ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик мебошад.

Дар ҳақиқат, чунин иншооти таърихӣ барои мардуми ҷумҳурӣ - ин Неругоҳи барқи обии «Роғун» - Кохи бузурги нури миллат аст, ки бо ташаббуси бевосита ва заҳматҳои бемислу монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, оғози кори нахустин ва дуюмин шӯълаи чароғистони бузурги миллат, яъне агрегати якуми он 16 ноябри соли 2018 - дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд. Бешубҳа, нақши Пешвои муаззам ва маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» хеле бузург аст.

Хусусияти хоси даврони Истиқлолияти давлатӣ ин шарофати худи Истиқлолият аст, ки дар натиҷаи муттаҳидии воқеии халқи тоҷик дар атрофи Пешвои маҳбуб ва муаззами худ пешрафти иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти мардумро фароҳам овардааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки новобаста аз пайваста зиёд гардидани талабот ба истеҳсоли неруи барқи иловагӣ бо сабаби афзоиши аҳолӣ, барпо шудани садҳо ҳазор оила ва бунёди ҳазорон манзили истиқоматии нав, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол таъминоти аҳолиро бо неруи барқ беҳтар гардонад. Зеро иқтидори зиёдгардидаи истеҳсолии соҳаи энергетика дар ин солҳо бе дарназардошти НБО «Роғун» ба қадри 1520 МВТ худ гувоҳи гуфтаҳои боло аст.

Аз ҷумла таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир-1» ва «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА-1000 аз комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Зеро бо татбиқи лоиҳаҳои дар боло зикргардида дар даҳ соли охир сохтмончиён ва бунёдкорони майдони заҳмати созандаи энергетикӣ, дар саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон дода, иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии мамлакатро 1320 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110 - киловолта мавриди роҳандозӣ ва баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҷомаи амал пӯшонидани орзуву омоли деринаи миллӣ ва таърихии халқи тоҷик саҳми босазое гузоштанд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, зиндагии осудаи мардум ва ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмону васлкунӣ дар он бо ҷалби 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст.

Бояд зикр кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордод ба имзо расонидааст, ки тибқи он барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО «Роғун» 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷои хурсандӣ ва ифтихор аст, на танҳо коршинони ватанӣ, балки коршиносони байналмилалӣ ба ташаббуси Пешвои миллати Тоҷикистон дар бунёди НБО-и «Роғун», ба паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири давлатдорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир ӯ баҳои баланд додаанд. Чунки ташаббусҳои нодир ва амалияи самараноки бесобиқаи Пешвои маҳбуб ва муаззами миллат барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум равона шуда, боиси таъмини на танҳо истиқлолияти энергетикии мамлакат, балки ҷаҳиш, офаридани муъҷизаҳо ва пешрафтҳои беназир дар иқтисодиёти миллӣ гаштаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» 16 ноябри соли 2018 дар шаҳри Роғун ибораи КОХИ БУЗУРГИ НУРИ МИЛЛАТ-ро истифода бурда, зикр намуданд, ки “баъди гузашти айём бо ифтихор хоҳем гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро мо бо заҳмати худамон, бо саъю талоши халқи бузургворамон дар ҳамкорӣ бо беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд намудем ва он шаҳодати рӯшноии тафаккури миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсию ваҳдати миллӣ, эътибор ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон мебошад”.

Тавре ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, нависанда, сенариянавис ва публитсисти номвари Федератсия Россия Александр Проханов Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро «зебоии илоҳӣ» номида, зикр менамояд, ки тоҷикон, муҳандисони бузург, бунёдкорон якҷоя ва бо сарварии Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон куҳро шикофта, як тамаддуни азими зеризаминӣ сохтанд, то ки аз он маҷрои нур берун ояду Тоҷикистон, олами атроф, тамоми зиндагии рӯи Заминро мунаввар созад.

Ӯ мефзояд, ки “ман дар тӯли умри худ бисёр корномаҳои инсонҳоро дидам, вале ин корнамоии тоҷикон бесобиқа аст. Ман ҳамеша ба ваҷд меоям, вақте дар ҷойи харобаҳо ва фоҷиаҳо гулистонҳо, офаридаҳои муҳташами дасти инсонҳо пайдо мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки ин зебоии зеризаминист, вале дар ҳама сурат он зебоии «илоҳист»!”.

Комёбиҳои бузурги бадастовардашуда дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Пешвои муаззам ва маҳбуби миллат, Президенти ҷуҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сабаби ҳамасола баланд гаштани обрӯ ва мавқеи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гардидааст. Муссалам аст, ки ба чунин комёбиҳо ноил гардидани халқи тоҷик ҳаргиз ба душманону ватанфурӯшони кишвари мо, ки дар ҷаҳлу таассуб ва бухлу ҳасади худ печидаанд, маъқул набуда, онҳо бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки нисбат ба низоми сиёсии кишвар, сулҳу ваҳдати воқеии миллӣ ва роҳбарияти олии ҷумҳурӣ нуқтаи назари беасосу бебунёду худро иброз намоянд. Вале халқи тоҷик чунин афкору ақидаҳоро ҳанӯз дар замони ҷанги шаҳрвандӣ маҳкум намуда, онҳоро ҳеҷ гоҳ маъқул намешуморад. Дар ин раванд, мо низ нуқтаи назари ғайриобъективонаи яке аз роҳбарони “Паймони миллии Тоҷикистон” ва раиси ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълонкардашудаи “Наҳзати Исломии Тоҷикистон”, ки ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба низоми сиёсии кишвар ва роҳбарияти олии кишвар иброз намудааст, маҳкум намуда, чунин ақидаю афкори пур аз туҳмату бардуруғи дур аз мантик ва хиради солим будаи ӯро ҳеҷ гоҳ қабул надорем ва намепазирем. Чунки аз ин гуфтаҳо бӯи ғаразу ҳасад ва таассубу нифоқ меояд.

Воқеан, Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар марҳилаи нави сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ба даст омадани шароит бо ташаббус ва кӯшишҳои бемислу монанди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ҷиҳати таъмини амнияти энергетикӣ ва pyшди имрӯзу фардои Тоҷикистони азизамон бо ҷалби 67 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва бо истифода аз 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст. Чуноне ки дар суханрониашон Пешвои миллат зикр намуданд: « …90 фоизи корҳо дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар зери замин анҷом дода мешаванд, бинобар ин кор дар ин сохтмон аз нақбканҳо ва мутахассисону коргарон заҳмати сахт ва матонати зиёдро талаб мекунад… .

Боварӣ дорам, ки таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд. То имрӯз бунёди толори мошинҳо ва трансформаторҳо, ки дар зери кӯҳ ҷойгир шудааст, бо насби қисми агрегатҳо амалӣ гардидааст, ки дар ҷаҳон назир надорад».

Дар ҳақиқат, агрегатҳои аввал, нури аввал ва нахустшӯълаҳои чароғистони бузурги миллат оғози давраи нави ҳаёти ҷомеа ва шарти пешрафти устувории ҷумҳурӣ ва рӯзгори ободи ҳар як сокини мамлакат буда, бо ишора ба суханронии Пешвои маҳбуб ва муаззами миллат бо боварӣ гуфта метавонем, ки минбаъд қалби хурду бузурги сокинони ҷумҳурӣ саршор аз гармии меҳри Ватан ва хонадони ҳар як фарди онро пур аз хушбахтиву иқбол аз нури «Роғун» равшан хоҳад кард.

Ҳамин тариқ, муъҷизаҳои офаридашуда дар натиҷаи муттаҳидии халқ дар атрофи Пешвои маҳбуби худ ба даст омада, мардуми шарифи тоҷик ва махсусан ҷавонон имрӯзҳо шукри ободию озодӣ ва истиқлолияти давлатӣ намуда, бо сиёсати муваффақона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамрадифанд.

Нозимҷон Нидоев - мудири кафедраи экспертизаи
молҳо ва фаъолияти гумрукии
ДДТТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Ба андешаронии Темур Варқӣ оид ба нишасти САҲА виҷдон нагузошт хомӯширо пеша кунам. То ба ҳол “инқилоби ақлҳо” ақлакӣ доранд.... Андешидану ақидаронӣ кардан дар назди ҷомеъашиносону равшанфикрон хуб аст, агар ҳарфи росте гуфта ё хоста бошӣ. Ба даъвою суханпардозии чандсолаи худ, дар Варшава мехоҳем чизеро хаёлпарастона бунёд созем. Андешаву ҷаҳди мо куҷо хоҳад рафт. Аз нигоҳ кардану дидану шунидан ҳуш аз сартон мепарад. “Яке аз равшанфикрон” ё “рӯзномасозу суханпардоз” ибрози ақидаро ба чунон мегӯяду аз он меболад, ки ангушти ҳайратро бояд чӣ кард... Ҳайф аст бо баромаду даъвои “тоҷиконаат”. Дар ин намоиш ё ҳамоиш нигаронии Кабирӣ баҳри чист. Ин намоиш зери нигоҳи “ман зиндаям то ҳанӯз”-и иғвобекии Муҳиддин ба сӯи хоҷагони кайҳо “ранҷида”. Бо чунин андешаронӣ чӣ ба чашми мардуми ваҳдатофарин хок пошидан мехоҳад мӯътабар Варқӣ. Даъвоҳои беасос, андешаҳои кибролуд, фикрҳои боғараз, рафтори нафратофарин, бадхоҳӣ ба ватансозону соҳибватанон, бо кибру ғурури рӯбаҳона ва амалҳои ҷангҷӯёна чӣ метавон кард, афсус ҳеҷ ва боз ҳам ҳеҷ. Дар баромади Варқӣ перомуни бехатарии рӯзноманигорон ва саломатии онҳо сухан меравад, гӯё ҳуқуқи онҳо поймол аст, кӣ бовар хоҳад кард...

Аз раҳи дур овоз кардани ту ба чӣ хотир аст, ҳама медонад ва боварат нахоҳад кард. Шумо баринҳо магар ягон амали шоистае кардаед, ё барои рушди ин ватану меҳан коре анҷом додаед, на, ҳаргиз на. Фақат кибу ғурур, нафрату надомат доред, ҷисму ҷонатон месӯзад, қалбатон дар парваридани кинаву адоват ғарқ шуда, имону амони худро фурӯхта, даъвогарии соҳибватаниро карда, зистан мехоҳед бо хуни хушкидаву ақли кайҳо мурда.

Ободии кишвар, зиндагии шоистаи мардум, сарҷаъмиву мутаҳиддии мо, шуморо хуш намеояд. Ҳамарӯза арзу даъво кардан ва зиндагии ҳайвонсириштона доштан магар аз мурдан авлотар нест. Темур Варқӣ бо ҷасорати худ ақлонияти мардумро ба гирдоби фирефтанҳо ҳидоят дораду лек мардуми шарафманди тоҷик дигар бора ба сӯи ин нешиманҳо ва аҳриманҳо нахоҳад рафт ва гӯш нахоҳад дод, зеро марди шарифу сарвари маҳбубу роҳнамоеро соҳиб аст, ки матонату ҷасораташро натавон баҳо дод.

Пешвои маҳбуби миллат сарварӣ дорад ин ҷамъи замоне бо айби “варқиҳои шарқӣ”парешоншударо. Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он дигар ба доду фарёди шумо барин аҳриманҳо бовар нахоҳанд кард. Фикру зикри шумо баҳри чист, ҳама медонаду ягон вақт он иҷро нахоҳад шуд.

Ба навор нигоҳ карда тааҷҷуб кардам, ин девона ё масти бехона чӣ гуфтанӣ дорад. Дар ин давру замон халқҳои соҳибфазл чӣ андешиданҳо доранд, яке сӯи коинот, дигаре суръатбахшии мошинолот, сеюмӣ ба ихтироъи маснуот. Дар мо “ватанхоҳон” фақат инқилоби кибру ғурур доранду бас.

Аз дастоварҳои истиқлол меболему мефахрем. Ба пойтахти кишвар назар афканед, чӣ гуна оростаю пироста, зебою дилкаш, бо иншоотҳои осмонбӯс ва ҳама ободиву созандагии мо аз Ваҳдати мост. Ба сӯи мо санг наафканед, зеҳнияти шумо мағлуб гаштаву то ҳанӯз пофишорӣ доред. Нангу номуси ватан таҳо дар ватансозону ватанхоҳони сарсупурдаи миллат аст. Мо бо Пешвои муаззами миллат ба сӯи ояндаи дурахшон раҳсипорем бо виқор.

Аз 16-ум то 26-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Варшаваи Ҷуҳурии Полша ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор мегардад. 16 – уми сентябри соли равон роҳбари ҳайати давлати Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масоили ҳуқуқӣ Зариф Ализода бо мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА Ингибёрг Гисладоттир мулоқот намуда, ӯро доир ба иҷрои уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон дар доираи барнома ва паймонҳои гуногун ба дӯш дорад, шинос кард.

Дар ҳамоиши имсолаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА намояндагони давлатҳои афзун ва созмонҳои гуногун перомуни арзишҳои демократӣ ва масоили ҳуқуқи башар ибрози андеша менамоянд.

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши бузург мавқеи дурусту шоиста ва устувори сиёсати давлатии кишвари моро дар масоили арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон баён мекунанд; воқеа ва рухдоди кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро оид ба мавзӯъҳои мавриди назар объективона инъикос менамоянд; ба суолу дархости аҳли нишасти конференсия посухи аниқу муфассал медиҳанд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хориҷӣ конференсияи Варшаваро макони баҳсу гуфтугӯи ҳайати давлатӣ бо мухолифин номидаанд, ки ин сухани беасос ва ғайриобъективӣ мебошад. Мулоқоти ҳайати давлатӣ бо мухолифини тоҷик дар ин ҳамоиш дар назар дошта нашудааст, чунки ин гуна афрод нерӯи воқеии сиёсӣ нестанд, ба ҷуз он ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ душманию киноварзӣ мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки фазою муҳити ҷомеаи имрӯзаи кишвари моро ноором бисозанд.

Мухолифини тоҷик бояд тағйири афкор бикунанд ва аз роҳи нодурусти худ бигарданд, бар муқобили давлату миллати худ санги маломат наандозанд ва теша бар решаи худ назананд.

Онҳо метавонанд ба роҳи сулҳу салоҳ дароянд, ба Ватан баргарданд ва дар корҳои ободкорию созандагии Тоҷикистони маҳбуб, ки хонаи умеди ҳамаи тоҷикон ва тоҷикистониён аст, саҳм бигузоранд.

Давлати Тоҷикистон ҳатто он нафаронеро, ки дар Сурия ва Ироқ дар сафи террористон ҷанг карда буданд ва имрӯз аз ин кори худ пушаймон шудаанд, авфу бахшиш кардааст.

Имрӯз потенсиали неруҳои мухолиф дар хориҷи кишвар хеле маҳдуд аст ва аз назари сохторию ташкилотӣ ва шахсиятӣ дар он ҷо неруи воқеие вуҷуд надорад.

Агар чанд нафари онҳо худро узви Паймони милли Тоҷикистон ва дигар гурӯҳои мухолиф гӯянд ҳам моҳияти масъала тағйир намекунад.
Бино бар ин, имрӯз мухолифин созмон ва ё неруи воқеии сиёсие нестанд, ки ҳайати давлатӣ бо онҳо музокира намояд.

Кори мухолифин дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо аз туҳмату буҳтон, душманию таҳқир кардан ва дурӯғгӯию дурӯғбофӣ иборат аст.
Ин амал далели заъфу сустӣ ва ба охир расидани потенсиали зеҳнии ин гуна афрод аст. Имрӯз онҳо ягон сухани нав, барнома ва ғояи созанда барои ҷомеа надоранд.

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ