Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Печать

Кафедраи системахои иттилоотӣ дар иқтисодиёт соли 1993 таъсис дода шудааст.

Омӯзгорони кафедра дар доираи таҳқиқи мавзӯъҳои «Масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Таҳқиқи афзорҳои усулҳои амсиласозии иқтисодӣ – математикӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ» машғули корҳои илмию эҷодӣ мебошанд. Дар омӯзиши таҳқиқи масъалаҳои илмию методӣ, таълимии кафедра ва тарбияи мутахассисони соҳаи технологияи рақамӣ нақши дотсентон Исоев Р.С., Салимов Н.С., Зайнуддинов С.Н., Азимбоев А., Насруллоева М., Шамсов Ф.Т., Қурбонов М.А., Тӯлиев М.С., муаллимони калон Сангинов Ҳ., Бӯриев Б.М., Раҷабов А.А. ва Қурбонова С.А. хеле зиёд аст.

Аъзои кафедра тӯли солҳои 2018-2023 бештар аз 100 номгӯй асарҳои илмӣ ва таълимӣ-методӣ навишта, пешкаши донишҷӯён намуданд. Ҷорӣ намудани системаи кредитии таълим дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон талаботи навро пеш оварда, устодони кафедраро водор намуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим аз технологияи муосир ва барномаҳои ҳозиразамон ба таври самарабахш истифода намоянд.

Кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода менамояд:

Бо мақсади омода намудани мутахассисони арзанда устодони кафедра дар таълими фанҳои тахассусӣ, ба мисли барномасозӣ дар PHP, забони барномасозии Python, забони барномасозии Java script, асосҳои HTML, асосҳои алгоритм ва забонҳои барномасозӣ ва ғайра усулҳои пешқадами таълимро истифода бурда истодаанд.

Хатмкунандагони кафедра на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ кору фаъолият менамоянд ва дар пешрафти иқтисоди кишвар саҳми арзанда гузошта, обрӯю нуфузи кафедра ва донишгоҳро дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар баланд мебардоранд.

Аз моҳи феврали соли 2022 номзади илмҳои техникӣ Фатҳиддин Шамсов ба ҳайси мудири кафедра фаъолият менамояд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра:

  1. Шамсов Фатҳиддин Тоирович, мудири кафедра, н.и.т.
  2. Салимов Назаралӣ Сафарович, н.и.ф-м., дотсент.
  3. Азимбоев Абдушафеъ, н.и.ф-м., дотсент.
  4. Насруллоева Мусолеҳа, н.и.ф-м. и.в., дотсент
  5. Тӯлиев Муҳамадулло Сарварович, н.и.и., муаллими калон.
  6. Бӯриев Беҳрӯзҷон Маҳмадалиевич, муаллими калон.
  7. Қурбонова Сурайё Аҳтамовна, муаллимаи калон.
  8. Раҷабов Абдурауф Абдуҳамидович, муаллими калон