Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Таърихи кафедра

Кафедраи системахои иттилоотӣ дар иктисодиёт соли 1993 таъсис дода  шудааст. Дар тӯли солҳои фаъолият кафедра бо номҳои гуногун -  «Менељмент ва ҳуқуқ» (1993-1994), «Информатика» (1994-1996), «Менеҷмент ва технологияи компютерӣ» (1996-2000) ва аз соли 2000 то ҳол бо номи «Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» фаъолият менамояд.

Устодони кафедра ба таҳқиқи мавзӯи «Дурнамои рушди соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ дар Љумҳурии Тоҷикистон» машғул мебошанд. Дар ҳаллу фасли масъалаҳои дар назди кафедра гузошташуда ва тарбияи мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ саҳми дот­сентон Юнусов Ш.Ю., Исаев Р.С., Салимов Н.С., Зайнуддинов С.Н., Азимбоев А., Насруллоева М., муаллимони калон Сангинов X,., Фузайлова М.С., Ниёзов И., Курбонов М., Буриев Б., Шамсов Ф., ассистентон Раљабов А., Тȳлиев М., Шарипова Љ., Қурбонова С. ва ғайра хеле калон аст.

Раёсати донишгоҳ раванди дар ҳама чабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҷорӣ намудани технологияи компютерии муосирро ба назар гирифта, ба­рои пурзӯр намудани базаи моддию - техникии кафедра диққати махсус медиҳад. Ҳоло дар назди кафедра 5 синфхонаи компютерӣ маҷуд аст ва онҳо бо 50 компютерҳои хозиразамон таъмин буда, ба шабакаи ҷахонии Internet  пайваст мебошанд.

Аъзоёни кафедра тӯли солхои 1993 - 2017 бештар аз 210 номгуйи асарҳои илмӣ ва таълимӣ-методӣ навишта, пешкаши донишҷӯён намуданд. Љорӣ намудани системаи кредитии таълим талаботхои навро пеш овард. Ин талаботҳо устодони кафедраро водор намуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим аз технологияи муосир ва барномаҳои хозиразамон ба таври самарабахш истифода намоянд.

Кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иктисодиёт мутахассисонро аз рӯйи ихтисоси 40010202 – низом ва технологияи иттилоотӣ дар иктисодиёт ва 250112 – информатикаи иқтисодӣ тайёр менамояд ва кафедра пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки сифати тайёр намудани мутахассисони замонавиро дар сатҳи заруӣ баланд бардорад.

Бо ин мақсад устодони кафедра дар таълими фанҳои тахассусӣ - «Асосҳои алгоритм ва забонҳои барномасозӣ», «Базаи маълумот», «Бехатарии иттилоот», «Забони барномасозии делфӣ», «Забони барномасозии С++», «Информатика», «Коркард ва татбиқи барномаҳои амалӣ дар иқтисодиёт», «Лоиҳкашии системаҳои иттилоотӣ дар икти­содиёт», «Моделсозии равандҳои иктисодӣ», «МЭҲ, шабака ва системаҳои телекоммуникатсионӣ», «Назарияи идоракунии оптималии системаҳои иктисодӣ», «Назарияи системаҳои иттилоотии иктисодӣ», «Системаҳои оператсионӣ», «Таъмир ва модернизатсияи компютерҳо», «Технологияи итилоотӣ дар иктисодиёт», «Технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти гумрук», «Технологияи иттилоотӣ дар маркетинг ва реклама», «Технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти бонкӣ», «Техно­логияи компютерӣ» усулҳои пешкадами таълимро истифода намуда, дар тайёр намудани мутахассисон ба комёбиҳои назаррас соҳиб гардидаанд.

Чорабинии дигаре, ки устодони кафедра баҳри баланд бардоштани сифати мутахассисон андешида истоданд, ин бо маводхои таълимӣ,тавсияҳои методию васоитҳои таълимӣ таъмин намудани донишҷуён мебошад.

Бо кӯшиши устодони кафедра маводҳои таълимӣ, васоитҳои таъ­лимӣ ва дастуру тавсияҳои методии зеринро аз чоп бароварда дастраси донишҷуён намуданд:

  1. Ехсе1 2003 (мураттибон Азимбоев А., Исоев Р.С., Салимов Н.С.), Душанбе, 2008;
  2. Ехсе1 2007 (мураттибон Азимбоев А. Исоев Р.С., Салимов Н.С., Ниёзов И.), Душанбе 2012;
  3. Word 2007 (мураттибон Азимбоев А. Исоев Р.С., Салимов Н.С., Ниёзов И.), Душанбе, 2011;
  4. Базаи маълумот (мураттибон Азимбоев А. Исоев Р.С., Сали­мов Н.С., Ниёзов И.), Душанбе, 2010;
  5. Дарсхои амалӣ аз Информатика (мураттибон Азимбоев А., Мирзоев С., Исоев Р.С.), Душанбе, 2008;
  6. Забони барномасозии С++ (мураттибон Курбонов М., Буриев Б.), Душанбе, 2010;
  7. Информатика, (мураттибон Азимбоев А., Исоев Р.С., Салимов Н.С.), Душанбе, 2009;
  8. Информатика (мураттибон Азимбоев А., Исоев Р.С., Салимов Н.С.), Душанбе, 2010.
  9. Базаи маълумот (мураттибон Азимбоев А. Исоев Р.С., Сали­мов Н.С.,), Душанбе, 2013;
  10. Забони абарматнии HTML(мураттибон Насруллоева М., Шамсов Ф., Зоирова Г.). Душанбе, 2013;
  11. Корҳои лабораторӣ аз фанни  «Асосҳои алгортим ва забонҳои барномасозӣ» (мураттибон Қурбонов М., Бӯриев Б., Ғуломова М.Н.). Душанбе, 2013;
  12. MicrosoftOffict(мураттибон Азимбоев А., Исоев Р.С., Раљабов А. ). Душанбе. Эр-граф.2014.

Дар солҳои гуногуни фаъолияти кафедра сарварии онро дотсент Қодиров А. (1990-1993), дотсент Усмонов И.У.(1993-1994), профессор Маҷидов X.М. (1994), профессор Розиков В.А. (1994-1995), марҳум профессор Аскаров Р.А. (1995-1999), дотсент Фақеров Х,.Н.(1999), дот­сент Исаев Р.С. (1999-2007), дотсент Зайнуддинов С. (2007-2008), дотсент Мирзоев С. (2008) ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи декабри соли 2008 вазифаи мудирии ин кафедраро дотсент Азимбоев А. иҷро менамояд.Дар айни замон аз 20.01.2017 вазифаи мудирии ин кафедраро дотсент Юнусов Ш.Ю ба зима дорад.

Хатмкардагони ихтисоси 400102023 – низом ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар корхонаҳои гуногун, бонкҳо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халки ҷумҳурӣ ва берун аз он самарабахш кор карда истода, дар пешрафти иктисодиёти ҷумхурӣ саҳми арзанда гузошта, номи кафедраю донишгоҳро дар ҷумҳурӣ ва хориҷӣ кишвар муаррифӣ менамоянд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт