Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади сари вақт ва бомуваффақият амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2007 “Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф” ва фармони вазири маорифи ҷумҳурӣ аз 15-уми марти соли 2007 доир ба масъалаи зикргардида, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар соҳаи маориф равона карда шудаааст, шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим амал менамояд. Шуъбаи мазкур 31-уми декабри соли 2020 дар заминаи шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат таъсис дода шудааст.

Мутахассисони шуъба фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, супоришҳои раёсати таълим, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамоянд.

12-уми январи соли 2021 номзади илмҳои иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи маркетинг Баҳром Мараимов мудири шуъба таъйин гардид.

Дар шуъба мутахассисони зерин кору фаъолият менамоянд:

– Машокиров Ҷамшед, мутахассис;

– Урунова Сарвиноз, мутахассис;

– Усмонов Маъруф, мутахассис;

– Шарипова Мавҷуда, мутахассис оид ба мониторинг ва идораи сифати таълим;

– Ғуломова Ҳоҷибибӣ, мутахассис оид ба омори таълимӣ.

Мақсад ва вазифаҳои мутахассисони шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим:

– назорати фаъолияти кафедраҳо дар масъалаи таҳияи барномаҳои кории фанҳо ва мувофиқати онҳо ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ;

– баҳодиҳии ҳолати низоми таҳсилот дар донишгоҳ;

– ташхиси раванди таҳсилот ва омӯзиши омилҳои ба сифати таҳсилот таъсиррасонанда;

– таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати машғулиятҳои лексионӣ ва амалии омӯзгорон;

– таҳияи тавсия ва пешниҳодҳои методӣ ба омӯзгорон барои баланд бардоштани сифати таҳсилот;

– таҳлили дараҷаи азхудкунии фанҳо аз ҷониби дониншҷӯён;

– таҳлили фаъолияти илмӣ-методии ҳайати омӯзгорон;

– омӯзиши усулҳо ва меъёри баҳогузории сифати таълим;

– муайян намудани самаранокии татбиқи технологияҳои нави таълим;

– гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ дар байни донишҷӯён;

– омодасозии маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ оид ба масъалаҳои сифати таълим ва гузаронидани чорабиниҳо барои паҳн кардани онҳо;

– омода намудани пешниҳодҳо оид ба ислоҳи камбудиҳои раванди таълим.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top