Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Раёсати донишгоҳ ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, растагориву иҷобати дуо, хайру саховат ва муҳаббату шавқат аст, аз самими қалб табрику муборакбод менамоянд.

Асосӣ Илм ва инноватсия Шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият

Фаъолияти шуъба

Фаъолияти шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбиятДДТТ (аз санаи 01.09.2017 то 07.02.2018)

Дар ин давра аз рӯи нақшаи кори шуъба чор маротиба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши «Тахтаи электронӣ» гузаронида шуд, ки дар он 83 нафар омӯзгорони донишгоҳ, аз ҷумла 34 нафар занон донишҳои технологияи компютерии хешро  такмил дода, сазовори сертификати мутобиқат гардиданд. Дар курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси ДМТ бошад  42 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 18 нафар занон аз рӯи самтҳои фанҳои ҷамъиятшиносӣ, тахассусӣ (иқтисодиёт), забонҳо, педагогика ва психология машғулиятҳо идома дорад то охири моҳ баъди супоридани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ онҳо сазовори дипломи соҳа мегарданд (ниг ба ҷадв.1).

 Ҷадвали 1

Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии «Тахтаи электронӣ»

 

Р/т

 

 

Номгӯи ихтисос (пурра)

Шумораи хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддат

 

Аз ҷумла духтарон

1 моҳа

2 моҳа

3 моҳа

6 моҳа

 

Сана

1

Курси омӯзиши тахтаи электронӣ

20

 

 

 

02 – 16. 10 2017с.

 

7

2

Курси омӯзиши тахтаи электронӣ

16

 

 

 

07 – 16. 11 2017с.

 

5

3

Курси омӯзиши тахтаи электронӣ

24

 

 

 

05 – 15. 12 2017с.

12

4

Курси омӯзиши тахтаи электронӣ

23

 

 

 

08-18.01.2018

10

5

Курсҳои такмили ихтисоси фанҳои тахассусӣ дар ДТИ ДМТ

 

8

 

 

01.09 - 31.12.2017;

01.01.- 28.02.2018

(дарсҳо давом дорад)

5

6

Курси такмили ихтисоси педаго-гика ва психо-логия

 

34

 

 

22.01 – 23.02.2018 дар ДДТТ

(дарсҳо давом дорад)

13

 

Ҷамъ:

83

42

-

-

х

52

Фаъолияти таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар ДДТТ

Соли таҳсили равон шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият шартномаҳои ҳамкориро бо корхона (ташкилот), муассиса ва ширкатҳои мамлакат: Вазорати молияи ҶТ – барои 40 нафар таҷрибаомӯз; Маркази миллии қонунгузрии назди Президенти ҶТ-10 нафар; Комитети андози ҶТ – 30 нафар; Агентии «Тоҷикстандарт» - 30 нафар; Меҳмонхонаи «Шератон» дар ш.Душанбе – 10 нафар; ҶСК «Соҳибкорбонк»- 15 нафар; Вазорати адлияи ҶТ -10 нафар, ҶСП ТАҚХ «Ҳумо»-15 нафар ба имзо расонида шудааст. Дар маҷмӯъ ДДТТ бо 30 корхона (ташкилот) ва муассисаҳои ватанӣ (ба 550 нафар таҷрибаомӯз) доир ба фаъолияти таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёну магистрантон ҳамкории зич пойдор намудааст: ҶСК «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Ориёнбонк», «Бонки Эсхата» дар ш.Душанбе, «Аксесбонк Тоҷикистон» дар ш.Душанбе, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ,  БДТ «Амонатбонк, Меҳмонхонаи «Тоҷикистон», «Душанбе», Комитети ҷавонон ва варзиши ҶТ ва ғ. ба шумор мераванд.

 

 

 

 

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Илм ва инноватсия Шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият