Шуъбаи табъу нашр

Шуъбаи табъу нашр моҳи январи соли 2021 дар заминаи шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа таъсис ёфта, сомона ва рӯзномаи “Тоҷир”-и донишгоҳ ҷузъи таркибии он ба шумор мераванд.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси сиёсати хирадмандона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ , супоришҳои раёсати илм ва инноватсия, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои шуъба амалӣ менамояд

Мутахассисони шуъба дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории донишгоҳ, аз ҷумла,  раёсатҳои таълим, тарбия, илм ва инноватсия, шуъбаҳо ва факултетҳо дар ташкил ва баргузор намудани тадбирҳо, ҳамоишҳо, конференсияҳо, семинарҳои илмӣ  ва мусобиқаҳои варзишӣ саҳмгузорӣ намуда, ба баланд бардоштани донишу маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории донишҷӯён мусоидат менамояд.

Мақсад ва вазифаҳои  шуъбаи табъу нашр чунин аст:

-ташаккул додан, такмил намудан ва амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани обрӯю нуфуз ва имиҷи донишгоҳ;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтории донишгоҳ оид ба масъалаҳои сиёсати ягонаи иттилоотӣ ва фарҳанги корпоративӣ (корҳои имиҷӣ, фаъолияти тарғиботӣ, интернет, тадбирҳои гуногуни намоишгоҳӣ, нашриётӣ ва фарҳангию оммавӣ);

- ташкил ва таъмини фаъолияти низоми ягонаи ахбори корпоративии донишгоҳ: вебсомонаи донишгоҳ ва рӯзномаи “Тоҷир”;

-таҳия ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ – тарғиботӣ доир ба фаъолияти донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории  он;

-инъикоси фаъолият ва робитаи босамари роҳбарияти донишгоҳ бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои давлатӣ, васоити ахбори омма, ташкилот ва муассисаҳо;

-таҳияи стратегия, банақшагирӣ ва амалигардонии фаъолияти корпоративии васоити ахбори оммаи донишгоҳ: вебсомонаи донишгоҳ ва рӯзномаи “Тоҷир”;

-таъминоти дастгирии иттилоотӣ – тарғиботии консепсияи пешбурди донишгоҳ дар бозори хадамоти таҳсилотӣ ва дастовардҳои илмӣ;

-таҳия ва банақшагирии стратегияи тарғиботии донишгоҳ ва кӯшиш намудан дар татбиқи он;

-ба вуҷуд овардани робитаи иттилоотии муносиб байни воҳидҳои сохтории донишгоҳ ва ташаккули фазои мусоиди иҷтимоӣ – равонӣ дар дохили он.

Аз моҳи январи соли 2021 вазифаи мудири шуъбаро Раҷабалӣ Шарифов ба уҳда дорад.

Дар шуъба мутахассисони зерин фаъолият доранд:

-Абдулмакин Мирзоев, муҳаррири бахши тоҷикии сомонаи донишгоҳ;

-Файзалиев Хушнуд, сармутахассис оид ба сомонаи донишгоҳ;

-Равшан Қодиров, муҳаррири бахши русӣ ва англисии сомонаи донишгоҳ;

-Саидхуҷаи Абдулқосим, суратгир.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top