Раёсати таълим

Раёсати таълим муҳимтарин сохтори донишгоҳ буда, вазифаи асосии он банақшагирӣ, ташкил, мониторинг, танзими раванди таълим, баланд бардоштани сатҳу сифати он, таҳияи барнома ва нақшаҳои таълимӣ, ҳисоби сарбориҳои омӯзгорон ва назорати иҷроиши онҳо мебошад. Раёсати таълим аз 7-уми июни соли 2017 дар заминаи департаменти таълим таъсис ёфтааст.

Фаъолияти раёсат дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ”, “Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, ойиннома ва фармоишу супоришҳои ректори донишгоҳ ва низомномаи раёсати таълим ба роҳ монда шудаааст.

Раёсати таълим фаъолияти ҳайати илмӣ-омӯзгориро доир ба таҳияи барномаҳою васоити таълимӣ, нишондодҳои методӣ ва адабиёти таълимӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ба танзим медарорад.

Дар давраи фаъолияти раёсати таълим шуъбаи ташкил ва назорати раванди таълим, шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим ва шуъбаи маркази бақайдгирӣ ва машварат ҷузъи таркибии он буданд.

Бо мақсади ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, таъмини болоравии сифати таълим ва фиристодани донишҷӯён барои идомаи таҳсил ба макотиби олии хориҷи кишвар, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2004 ба қатори мактабҳои олии таҷрибавӣ (пилотӣ) ворид карда шуда, соли таҳсили 2005-2006 нахустин шуда ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ шурӯъ намуд. Соли таҳсили 2009-2010 шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаштанд.

Аз соли 2017 вазифаи сардори раёсати таълимро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муҳитдин Ҳамитов ба уҳда дорад.

Дар раёсати таълим мутахассисони зерин фаъолият менамоянд:

– Шавкат Ҷумъазода, муовини сардори раёсат;

– Манучеҳр Исмонов, сармутахассис;

– Шаҳноза Пулатова, сармутахассис;

– Назаралӣ Саидов, сармутахассис.

Дар сохтори раёсати таълим шуъбаҳои зерин фаъолият менамоянд:

  1. Шуъбаи бақайдгирӣ ва маркази тестӣ.

Мудири шуъба докторанти PHD, муаллими калон Дилшод Комилов.

  1. Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим.

Мудири шуъба номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент Баҳром Мараимов.

  1. Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият.

Мудири шуъба номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Бойалӣ Ҳусейнов.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top