Низомнома

Бо қарори Шурои олимони

 Донишгоӽи давлатии тиҷорати

 Тоҷикистон аз 30 августи

 соли 2013, № 1 тасдиқ шудааст

 НИЗОМНОМАИ

 магистратураи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

 Қоидаӽои умумӣ

 Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумӽурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумӽурии Тоҷикистон «Дар бораи таӽсилоти олии касбӣ ва тасилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таӽсилоти олии касбии Ҷумӽурии Тоҷикистон», «Низомномаи магистратура», дигар санадӽои меъёриву ӽуқуқии соӽаи маориф ва қарори Ӽукумати Ҷумӽурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, № 650 бо мақсади ворид шудан ба фазоӣ ягонаи таӽсилоти ҷаӽонӣ таӽия шудааст.

  Магистратура зинаи таӽсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соӽаӽои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумӽурии  Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрӽои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура дар донишгоӽ бо стандарти байналмилалии таӽсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломӽо шароити зарурӣ муӽайё месозад.

 Магистратура, ки имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ дорад, дар Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи моддаи 29 Қонуни Ҷумӽурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо фармони Вазири маорифи Ҷумӽурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2009, № 284 таъсис дода шудааст. Муӽлати таӽсил дар шакли рўзонаи магистратура ду сол ва шуъбаи ѓоибона се сол мукаррар карда шудааст.

 Шахсони дороӣ тахсилоти олии касбӣ метавонанд дар равия ва ихтисоси ба дипломашон мувофиқ дар магистратура таӽсил намоянд.

  Қабул ба магистратура

  Ба магистратураи Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабон аз рўи тахассуси интихобнамудаашон реферат пешниӽод намуда, ба тариқи суӽбат аз озмун мегузаранд.

 Барои шахсоне, ки дипломои онӽо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рўи талаботи муайяннамудаи Вазорати маорифи Ҷумӽурии Тоҷикистон оид ба таӽсил дар магистратура имтиӽонӽои ӽатмӣ муқаррар карда мешавад.

 Агар дохилшавии довталаб ба магистратура ба вақти мактаби олиро хатм кардани ў рост ояд, ба сифати имтиӽони дохилшавӣ натиҷаи имтиӽони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рўи ихтисос ба ӽисоб гирифта мешавад (ба шарте ки баӽои имтиӽони ҷамъбастии ихтисос аз баӽои «хуб» паст набошад). Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталабон имтиӽон месупоранд.

 Ба магистратура то 20 % хатмкунандагони муассисаӽои таӽсилоти олии касбии Ҷумӽурии Тоҷикистон тавсия мешаванд.

 Аз рўи натиҷаи суӽбат ва имтиӽони дохилшавӣ ба довталаб баӽо дода мешавад. Холи миёна аз рўӣ замимаи дипломи таӽсилоти олӣ муқаррар карда мешавад. Низоми баӽодиӽиро комиссияи қабул аз рўи пешниӽоди факултетӽои марбута муқаррар менамояд.

 Шахсоне, ки ба магистратура дохил мешаванд, ӽуҷҷатӽои зеринро пешниӽод менамоянд:

 - аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияӣ магистратура ва ихтисоси он;

 - дипломи таӽсилоти олии касбӣ ва замимаи он;

 тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;

 -дигар ӽуҷҷатӽои тасдиқкунандаи пешрафти корӽои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забонӽои хориҷӣ, малакаи кор дар компютер, нусхаи маколаӽои илмӣ ва ѓайра.

  Ташкили ҷараёни таълим дар магистратура

 Таӽсил дар магистратура аз 1 сентябр тибқи фармони ректор оѓоз мегардад, ки дар он равияи магистратура, ихтисос ва роӽбари илмии тасдиқгардида нишон дода мешавад.

 Таӽсил дар магистратура дар асоси нақшаи таълимии таӽиянамудани муассисаи таӽсилоти олии касбӣ, ки мутобиқи Стандарти давлатии таӽсилоти олии касбии Ҷумӽурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумӽурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва ӽамчунин, нақшаи инфиродии магистрант ба роӽ монда мешавад.

 Сарбории ниӽоии аудитории магистр дар шуъбаи рўзона дар як ӽафта 14 соатро ташкил медиӽад. Барои назорати иҷрои нақшаи инфиродӣ аттестатсияи ҷорӣ аз рўи ӽамаи фанӽо дар шакли имтиӽон, санҷиш, рейтинг, санҷиши тафрикавӣ ва тест пешбинӣ карда мешавад. Миқдори умумии имтиӽон дар давраи таӽсил вобаста ба барномаи интиӽобнамуда на камтар аз 6 муқаррар карда мешавад.

 Таӽсили магистрант дар магистратура мувофиқи нақшаи кории инфиродӣ, ки дар асоси нақша ва барномаи таълимии магистратура таӽия шудааст, ташкил карда мешавад. Нақшаи кории инфиродии магистрант аз рўи нақшаи намунавӣ аз тарафи роӽбари илмии магистрант бо иштироки роӽбари магистратура ва мудири кафедраи марбут таӽия шуда, бо қарори кафедра тасдиқ ва дар кафедра муӽокима мегардад.

 Нақшаи кории инфиродии магистрантро шўъбаи магистратура ва докторантураи ДДТТ тасдиқ карда, он дар кафедраи магистратура (асл) ва нусхаи он дар дасти магистрант нигоӽ дошта мешавад.

 Нақшаи инфиродӣ мазмун ва ӽаҷми машѓулиятӽоро барои тайёр кардани магистрант бо назардошти тахассуси касбӣ ва илмии он муайян менамояд. Қисми таълимии нақшаи инфиродӣ номгўи пурраи фанӽои таълимии тамоми силсилаӽоро бо нишон додани соатӽои умумӣ барои ӽар як фан, миқдори соатӽои аудиторӣ ва ӽамчунин, намуд ва муӽлатӽои аттестатсияи фосилавиро дар бар мегирад. Номгўи фанӽои равия бояд ба нақшаи магистратура пурра мувофиқат кунад.

 Машѓулиятӽои таълимӣ аз тарафи шуъбаӽо ва кафедраӽои заминавӣ, ки барои таълим масъуланд, гузаронида мешаванд. Барои ташкили таълим шаклӽои зерини машѓулиятӽо истифода бурда мешаванд:

 - машѓулият дар шуъбаӽои магистратура ва омўзиши фанӽое, ки барои ӽамаи ихтисосӽо ӽатмианд;

 - фанӽое, ки танӽо барои магистрантӽои ӽамин равия ӽатмиянд;

 - машѓулияти инфиродӣ бо магистрант, омўзиши мустақилонаи фанӽои таълимӣ ва асарӽои илмӣ.

  Роӽбарии кори магистрант

 Роӽбарии илмиро роӽбари магистратура амалӣ менамояд. Ў роӽбарии қисми умумии таълимӣ ва илмии барномаи магистратураро таъмин менамояд ва иҷрои нақшаи таълимии инфиродии магистрантӽоро назорат мекунад. Роӽбари барномаи магистратура бояд профессори штатӣ, доктори илми соӽаи марбут бошад. Тибқи қарори Шурои олимони донишгоӽ роӽбарии барномаи магистратураро метавонад дотсенте, ки таҷрибаи кории на камтар аз 5 - сола дорад, ба ўӽда гирад.

 Роӽбарии бевоситаи барномаи магистрантро роӽбари илмӣ амалӣ мегардонад ва дар таӽияи нақшаи инфиродии таълимии магистрант иштирок намуда, назорат ва иҷрои онро таъмин месозад.

 Роӽбари илмӣ бо иешниӽод ва қарори кафедра дар Шурои олимони факултет аз ҷумлаи мутахассисони баландихтисос, ки аз рўи мавзўи барномаи магистратура тадқиқоти илмӣ мебарад ва чун қоида дар ДДТТ фаъолият менамояд, таъин карда мешавад.

 Шумораи рисолаӽои магистирант, ки таӽти роӽбарии як омўзгор иҷро мешаванд, ба тариқи зайл муайян карда мешавад:

 - номзади илм, саромузгор; номзади илм, дотсент то 3 нафар;

 - доктори илм, профессор то 4 нафар;

 - мудири кафедра, профессор то 3 нафар;

 - мудири кафедра, дотсент 2 нафар.

             Роӽбари илмӣ корӽои омодагиро зери назорати умумии мудири кафедра ва роӽбари магистратура ба роӽ мемонад ва аз натичаи корӽои ба сомон расонидашуда ӽар се моӽ як маротиба ба кафедра ва роӽбари магистратураи муассисаи таълимӣ ӽисобот пешниӽод менамояд.

  Талаботи умумӣ ба барномаи  магистратура

  Барномаи таълимии магистрант аз ду қисми таркибӣ - таӽсилотӣ ва тадқиқотӣ иборат мебошад.

 Қисми таълимии барномаи магистратура силсилаи фанӽои равиявӣ ва фанӽои ихтисосиро дар бар мегирад. Силсилаи фанӽои равиявӣ аз қисмати фанӽои ихтисосӣ ва фанӽои интихобӣ иборат мебошад. Силсилаи фанӽои махсус аз фанӽои махсуси барномаи омодасозии магистр (аз рўи равияӣ додашуда) ва барномаи мушаххаси магистратура, ки барои амалӣ намудани он талаботи махсус пешбинӣ шудааст, иборат аст. Таркиб ва мазмуни силсилаи фанӽои махсус аз рўи талаботи тахассуси магистрант ӽангоми амалисозии барномаи мушаххаси магистратура муайян мегардад.

 Қисми илмию тадқиқотии барномаи магиструра аз кори илмию тадқиқотӣ ва методӣ иборат мебошад, ки барои омодасозии рисолаи магистрант истифода мешавад.

 Барномаӽои илмию тадқиқотӣ бо назардошти хусусиятӽои хоси барномаи мушаххаси магистратура таӽия карда мешавад. Талабот ба қисми илмию тадқиқотии барномаи магистратура бояд бо Стандарти давлатии таӽсилоти олии касбӣ мувофиқат кунад. Мазмуни кори илмию тадқиқотӣ дар нақшаи кории инфиродии магистрант дарҷ мегардад;

 Нақшаи таълимии магистратура иборат аст, аз:

 - фанӽо аз рўи равияӽои махсусгардонидашудаи тайёр кардани магистрӽо;

 - фанӽои махсуси тайёр кардани магистрӽо;

 - кори илмию тадқиқотӣ ва илмию омўзгории магистрант;

 - аттестатсияи ҷамъбастии давлатии магистрант.

 Сохтор ва ташкили ҷараёни тайёр намудани магистрӽо бо нақшаӽои таълимии барномаӽои магистрӣ ва нақшаӽои кории инфиродии магистрантӽо ба тартиб дароварда мешавад.

  Аттестатсияи ҷамъбастӣ дар магистратура

  Марӽилаи хотимавии таӽсил дар магистратура аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ мебошад, ки аз ӽимояи рисолаи магистрӣ иборат аст.

 Аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ аз рўи барномаи магистрӣ мувофиқи талаботи комиссияи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаӽои таӽсилоти олии касбии Ҷумӽурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 Рисолаи магистрӣ бевосита дар кафедра таӽти роӽбарии роӽбари илмии магистрант иҷрокарда мешавад. Агар рисола характери байнифаннӣ дошта бошад, ба кафедраи марбут ӽуқуқдода мешавад, ки аз рўи бобӽои алоӽидаи рисола (дар доираи соатӽое, ки барои роӽбарии рисолаи магистрӣ ҷудо шудааст) мушовирони илмиро даъват намояд.

 Ба хатмкунандае, ки имтиӽони магистратураро аз ӽамаи фанӽои барномаи таълимӣ бо баӽои «аъло» (на кам аз 75%), аз фанӽои дигар бошад, бо баӽои «хуб» ва ӽамаи намудӽои санҷиши ҷамъбастии аттестатсиониро бо баӽои «аъло» тамом кардааст, «Дипломи аъло» дода мешавад.

 Ӽангоми таӽсил дар магистратура магистрантӽо ӽуқуқ доранд, ки имтиӽонӽои номзадиро супоранд.

 Ба шахсоне, ки нақшаи инфиродиашонро аз рўи барномаи таӽсилоти магистр пурра иҷро намуда, рисолаи магистриро бомуваффақият ӽимоя кардаанд дараҷаи тахассусии «Магистр» дода мешавад. Намунаи давлатии дипломи магистр аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумӽурии Тоҷикистон таӽия ва тасдиқ, карда мешавад.

 Ба хатмкардагонии магистратура замимаи диплом бо нишон додани мавзўи рисолаи магистрӣ дода мешавад. Дар тарафи дигари замимаи дипломи магистр фанӽои дар давоми таӽсил омухташуда дарҷ карда мешавад.

  Таҷрибаомўзии илмию тадқиқотӣ (истеӽсолӣ)

  Таҷрибаомўзии илмию тадқиқотӣ (истеӽсолӣ) ӽангоми таӽсил дар магистратура ба роӽ монда шуда, ӽар сол 8 ӽафтаи таълимиро дар ӽаҷми 112 соат фаро мегирад.

 Таҷрибаомўзии омўзгории дохили муассисаи таӽсилоти олӣ бояд на камтар аз 60 соат машѓулиятро бо донишҷўёне, ки дар бакалавриат таӽсил менамоянд, дар бар гирад.

 Таҷрибаомўзӣ мувофиқи нақшаи инфиродии магистрант дар ҷараёни соли таӽсил гузаронида мешавад.

 Ба таҷрибаомўзии омўзгорӣ роӽбари илмӣ сарварӣ намуда, ӽуҷҷатӽои таҷрибаомўзӣ дар кафедраи тахасусӣ нигоӽ дошта мешавад.

  Вазифа ва ўӽдадориӽои магистр

             Магистр бояд:

 - муӽимтарин ѓояӽои таърихи фалсафаи ҷаӽониро донад;

 - роҷеъ ба пайдоиш, сарчашма ва самти ташаккули фарӽангу тамаддуни муосир маълумот дошта бошад; 

 - тамоюли мухими ташаккули ҷомеа ва соӽаи асосии муносибатӽои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, сиёсат ва фарӽангро аз худ намояд;

 - оид ба таърих ва тамоюли ташаккули ихтисоси худ маълумот дошта бошад;

 - вобаста ба ихтисос малакаи такмилёфтаи муносибати шахсӣ, роӽбарӣ ва истеъдоди гуфтугўиро дошта бошад;

 -  таѓйир додани сохтори мазмуну ҷараёни таълим, наздик шудан ба пешрафти назарияи илмӣ, такя ба назария, системаи дониш, ҷанбаи илмию методӣ, ҷаӽонбинии илмӣ ва гузаштан ба системаи нави дидактикиро дарк намояд;

 - Ҷумӽурии Тоҷикистон - Ватани азизи худро дуст дорад;

 - рамзӽои давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистонро эӽтиром намояд;

 - забони давлатӣ - забони адабии тоҷикиро донад, пок нигоӽ дорад ва баӽри рушду нумуи он кушиш намояд;

 - на камтар аз ду забони байналмилалиро аз бар намуда, бо яке аз онӽо мақола ва тадқиқоти илмӣ навишта тавонад ва андешаашро хаттиву шифоӽӣ дар сатӽи соӽибзабон ифода намояд;

 - таъриху фарӽанги халқи тоҷикро омўзад ва ба хаводиси он баӽои дуруст дода тавонад;

 - миллати худро дуст дорад, баӽри ваӽдат, якпорчагӣ ва осудагии кишвари худ кушиш ба харҷ диӽад ва миллатӽои дигарро эӽтиром намояд;

 - комёбиӽои илму техникаи замони муосир ва технологияи иттилоотиро аз бар намуда, барои такмили пешрафти илму техника кушиш намояд;

 - бояд бо компютер ва интернет кор карда тавонад.

  Вазифаӽои мансабии магистр

  Магистр дар соӽаи илм: зери роӽбарии иҷрокунандаи масъул (роӽбар) тадқиқоти илмӣ-амалиро оид ба фаслӽои (даврӽо, супоришӽо) мавзўъ мутобиқан ба методиқаи муқарраршуда ба сомон мерасонад. Дар гузаронидани таҷрибаӽо ширкат меварзад, назорат ва санҷишӽо гузаронида, дар асоси онӽо хулосаӽо медиӽад. Дар тадқиқотӽои илмии худ аз муваффақиятӽои навини илм ва техникаи ватанӣ ва ҷаӽонӣ истифода менамояд. Дар кори амалан ҷорӣ намудани натиҷаӽои тадқиқот ва кори конфронсӽо ва семинарӽо, чопи корӽои илмӣ иштирок мекунад.

 Магистр дар соӽаи истеӽсолот: фаъолияти худро дар асоси истифодаи васеи техника ва технологияи навтарин, шаклӽои пешкадами идоракунӣ ва ташкили меӽнат, меъёрӽои дар чорчубаи илман асоснокшудаи маблаѓгузорӣ ва сарфи меӽнат, омўзиши талаботи бозор ва таҷрибаи пешқадам (ватаниву хориҷӣ) ба роӽ мемонад. Дастовардӽои иқтисодиёти ватанӣ ва хориҷиро омухта, ӽамаи восита ва имкониятӽоро барои баланд бардоштани дараҷаи таҷӽизонии техникии истеӽсолот ва сифати маӽсулот (хизматрасонӣ), самаранокии истеӽсолот, оқилона истифода бурдани захираӽои нстеӽсолӣ истифода мекунад.

 Магистр дар соӽаӽои иҷтимоӣ: дар корӽои истифодаи технологияи нави иттилоотӣ иштирок менамояд, корхона ва кормандони алоӽидаи онро бо ахбори тоза, дастовардӽои ватаниву хориҷии илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва таҷрибаи пешқадами истеӽсолӣ таъмин мекунад, бо мақсади баланд бардоштани донишӽои илмӣ-техникии кормандон, созмон додани фазоӣ хубӣ иттилоотии корхона семинарӽо ва конференсияӽо созмон медиӽад, ба чопи корӽои илмӣ мусоидат менамояд. Магистр дар кори ҷорӣ намудани воситаӽои технологияи компютерӣ дар фаъолияти хадамоти сотсиологӣ ва пурқувват гардонндани пояи иттилоотии он фаъолона ширкат меварзад. Тарзу усулӽои фаъолияти омузгориро васеъ истифода мебарад.

  Таӽияи рисолаи магистра

  Таӽияи рисолаи магистрӣ дар тули тамоми давраи таӽсил дар магистратура идома меёбад. Тибқи нақшаи бояд оид ба рафти иҷрои кор дар назди роӽбари илмӣ, роӽбари магистратура ва кафедраи марбут ӽисобот диӽад.

 Рисолаи магистрӣ дар охири семестри хотимавӣ дар ҷаласаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ (КАД) дифоъ карда мешавад.

    Шахсоне, ки магистратураро бо баӽои аъло хатм мекунанд, дар асоси қарори комиссияи давлатии аттестатсионӣ ба аспирантура ва барои ба даст овардани дараҷаи илмии доктори илм (DPhd) ба муассисаӽои таълимии давлатӽои хориҷӣ тавсия карда мешаванд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top