Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Принсипҳои ахлоқии тадқиқоти илмӣ

Принсипҳои ахлоқии тадқиқоти илмӣ

16-уми апрели соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо кӯшиши масъулони шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ  семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Принсипҳои ахлоқии тадқиқоти илмӣ. Роҳ надодан ба сирқат дар кори илмӣ» баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Фарҳод Шаропов ҳусни оғоз бахшида, гуфтанд, ки мутаасифона, имрӯз дар рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ ба мушоҳида мерасад ва баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ рӯбардор мекунанд. Мавсуф зикр кард, ки ин «беморӣ»-и замони технологияи муосир буда, обрӯю шарафи олимшаванда ва илми тоҷикро коста мегардонад ва дар илми тоҷик аз ин падидаи манфӣ бояд ҳар чӣ зудтар даст кашид.

 

Дар идомаи ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Заррина Қодирова перомуни масоили илмӣ, принсипҳои ахлоқии тадқиқоти илмӣ, роҳ надодан ба сирқат (плагиат) дар кори илмӣ-тадқиқотӣ, афзудани обрӯю нуфузи илми ватанӣ ва баланд бардоштани мавқею эътибори роҳбари илмӣ ва унвонҷӯ ибрози андеша намуд.

Сипас номзади илми иқтисодӣ, котиби масъули “Паём”-и ДДТТ Зоир Султонов дар бораи зарурати мавриди санҷиш қарор додани корҳои илмӣ дар барномаи “Антиплагиат”-и донишгоҳ ва меъёру талабот дар кори илмӣ сухан кард.

Ҳамчунин, нотиқон ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Дар анҷом мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Басгул Исупова кулли иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати Рӯзи илм табрику таҳният гуфта, ба эшон дар ҷодаи илму омӯзиш барору комёбӣ орзу намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Принсипҳои ахлоқии тадқиқоти илмӣ