Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Пешгирии падидаҳои нохуш

Пешгирии падидаҳои нохуш

16-уми апрели соли 2020 дар донишгоҳ семинар дар мавзӯи “Пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва бемории сироятӣ” вохӯрии сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ, дотсент Акрамов Ф.М. ва намояндагони раёсати ташхисӣ - криминалистии Вазорати корҳои дохилии кишвар, полковник Абдураҳмонзода М. Ғ., сардори шуъбаи раёсати ташхисӣ - криминалистии ниҳоди мазкур Муҳидинзода Х. Ғ. бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

 

 

Нахуст ҳамоишро Акрамов Ф. М. оғоз намуда, суханро ба Муҳаммадюсуф Абдураҳмонзода вогузор кард. Мавсуф доир ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, хавфи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, пандемияи коронавирус, пешгирии ин падидаҳои нохуш, ҳамкории кормандони милитсия бо мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуд. Ҳамчунин, намояндагони ниҳоди зикршуда ба суолҳои иштирокдорони семинар посух гуфтанд. Дар фарҷом Акрамов Ф.М. ба меҳмонон барои гузаронидани чунин семинари пурмазмун ва  судманд изҳори сипос кард.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Пешгирии падидаҳои нохуш