Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Ҳифзи ҷомеа аз хавфи сироятёбӣ

Ҳифзи ҷомеа аз хавфи сироятёбӣ

Дар урфият мегӯянд, ки аз табобати беморӣ дида, пешгирии он даҳҳо бор фоидабахштар аст. Дар иртибот ба ин, метавон ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳуриро дар бобати ҳифзи саломатии мардум ва беҳдошти рӯзгори он пеши рӯ овард ва худ низ дар ин самт нақши созгор гузошт.

Ҳадаф аз ин гуфтаҳо пешгирии ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, бахусус, коронавирус (COVID-19) мебошад, ки сокинони сайёраро ба ташвиши ҷиддӣ овардааст.

Хушбахтона, тавре ки ҳамарӯза Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин бемории хавфноки сирояткунанда дар кишвари мо то имрӯз ба қайд гирифта нашудааст. Вале ҳар як сокини кишвари маҳбубамон бояд дастуру тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва кормандони соҳаи тибро дар амал татбиқ намуда, тавассути риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, бахусус, гигиенаи шахсӣ ва дигар роҳҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда ҷиҳати ҳифзи саломатии худ ва дигар аъзои ҷомеа саҳм гузорад.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба масъалаи пешгирии бемориҳои сироятӣ диққати зарурӣ дода, қоидаҳои санитарию гигиенӣ, бахусус, гигиенаи шахсӣ аз ҷониби омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён қатъӣ риоя карда мешавад. Дар даромадгоҳҳои биноҳои таълимӣ  маҳлулҳои безараргардонӣ (антисептикӣ), сачоқчаҳои намнок ва латтаҳои бо маҳлули хлор  таркардашуда гузошта шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар сехи дӯзандагии парки технологии донишгоҳ барои кормандону донишҷӯён истеҳсоли ниқобҳои зиддивирусии бисёр истифодашаванда ба роҳ монда шудааст.

 

Дар суратҳо: лаҳзаи дӯхтани ниқобҳои зиддивирусӣ.

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Ҳифзи ҷомеа аз хавфи сироятёбӣ