Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Шиносоӣ бо захираи библиографӣ

Шиносоӣ бо захираи библиографӣ

9-уми апрели соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо кӯшиши масъулони шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ  семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Захираҳои библиографии таҳқиқоти илмӣ. Нашрияҳои умумии библиографӣ. Каталоги китобхонаҳо. Энтсиклопедияҳо ва нашрияҳои истинодӣ. Интернет – захираҳо дар таҳқиқоти илмӣ» баргузор гардид.

Дар ибтидо мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ, доктори PhD Басгул Исупова доир ба мавзӯи мавриди назар сухан карда, зикр намуд, ки мақсади асосии силсилаи семинарҳо ёрӣ ва дастгирӣ намудани унвонҷӯён ва докторантон дар мавриди мустақилона ва дуруст навиштани кори илмӣ мебошад.

 

Сипас Гавҳар Мадиева, мудири китобхонаи донишгоҳ иштирокдорони семинарро бо захираҳои библиографии илмӣ-таҳқиқотӣ шинос намуд ва доир ба тарзи истифодаи дурусту босамари феҳрист дар китобхона ибрози назар кард. Мавсуф перомуни хазинаи моддию маънавии китобхона низ маълумоти муффасал пешниҳод намуда, якчанд китоби нави китобхонаро рӯнамоӣ кард ва ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфт. Аз ҷониби иштирокдорони семинар дар масъалаи беҳтар намудани хидматрасонӣ ва фаъолияти мутахассисони китобхона фикру мулоҳиза ва таклифҳо баён гардид.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Шиносоӣ бо захираи библиографӣ