Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ

Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи муваффақона амалӣ гардонидани ҳуқуқ ва озодии инсон  коррупсия мебошад. Ин падидаи манфии умумимиллӣ, болоравии иқтисодӣ ва беҳзистии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, аз кӯдакон   умедро ба оянда кашида мегирад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз беҳзистие,  ки ба онҳо тибқи ҳуқуқҳояшон мансуб аст, маҳрум менамояд. Аз ин рӯ,  давлат барои решакан намудани ин падидаи номатлуб ва пешгирии он чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Яке аз масъалаҳои ҷаласаи рӯзи 7-уми апрели соли 2020 доиргардидаи  раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки аз Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ ҷиҳати пешгирӣ, бартараф ва коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ бармеоянд, гузаронидани таҳлили фаъолият оид ба хавфҳои коррупсионӣ дар ДДТТ, пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ дар доираи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 , №465 қабул карда шудааст, маҳсуб меёфт. Дар ҷаласа дар баробари аъзои раёсат, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва мутасаддиёни сохторҳои дигари донишгоҳ иштирок доштанд.

 

 

Роҷеъ ба масъалаи зикргардида номазади илми ҳуқуқшиносӣ Некрӯз Қудратов суханронӣ карда, аз ҷумла қайд намуд, ки вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ ва татбиқи Стратегияи  муқовимат ба коррупсия  барои соли 2020, дар донишгоҳ  бояд гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад, ки он корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гузаронидани суҳбату вохӯриҳоро дар байни аҳли коллектив дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ба мақсади муайян намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсионӣ  ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти  номатлуб хабару мақолаҳо дар рӯзномаи “Тоҷир” ва сомонаи донишгоҳ нашр ва ҷой дода шаванд. Илова бар ин, дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намудани омӯзиши Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва дигар қонунгузории зиддикоррупсионӣ дар ДДТТ ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, ба мақсади таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳои коррупсионӣ ва ҷамъоварии маълумот оид ба хавфҳои воқеӣ ва эҳтимолии коррупсия пурсиши ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён мувофиқи анкетаи тартибдодашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

Дар ҷаласаи раёсат дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус ва дигар бемориҳои сирояткунанда, алалхусус, ҷавобгӯ будани ошхонаву хобгоҳҳои донишгоҳ ба талаботи гигиению санитарӣ ва ҳатман риоя намудани гигиенаи шахсӣ аз ҷониби омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён  дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Аъзои раёсат З. Қодирова, Ф.Шаропов,  Р. Раҷабов, Н. Нидоев, Ф.Маҳрамов, М.Саидова, З. Маҳмадуллоев доир ба масъалаҳои баррасигардидаи рӯзномаи раёсат  таклифу пешниҳодҳои судманд баён карданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ