Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Ҷашни бостонии Наврӯз

Ҷашни бостонии Наврӯз

Ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалии имсоларо дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир намуданд.

Донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ва хонандагони литсей дастовардҳо ва дастархони наврӯзии хешро, ки дар асоси расму ойин ва анъанаҳои миллӣ ороста буданд, ба маърази намоиш гузоштанд.

Сипас, ҳайати раёсати донишгоҳ аз дастовардҳо ва дастархони наврӯзӣ дидан карданд. Таваҷҷуҳи эшонро дастархонҳои оростаи донишҷӯёни факултетҳои иқтисодиёт ва менеҷмент, молия ва фаолияти бонкӣ, тиҷорат ва гумрук, МИБ ва ҳуқуқ, хонандагони литсейи назди донишгоҳ, бахусус “ҳафтсин” ва “ҳафтшин” ва қироати порчаҳои шеърӣ аз ҷониби донишҷӯён ҷалб намуд. Роҳбарияти донишгоҳ ва меҳмонони ҳамоиш ба ҳунари онҳо баҳои сазовор доданд.

Баъди азназаргузаронии дастовардҳо ва дастархонҳои наврӯзӣ қисми расмии ҷашнвора шурӯъ гардид. Муовини ректор оид илм ва робитаҳои байналмилалӣ Заррина Қодирова ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли ҷамъомадро бо Наврӯзи байналмилалӣ самимона шодбош гуфтанд ва ба эшон барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар хотимаи қисми расмии чорабинӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба чанде аз собиқадорони меҳнат ва донишҷӯёни фаъол маблағи пулӣ супорида шуд.

Дар қисми фарҳангии ҷамъомад аъзои дастаи “Тоҷири аҷам” – и донишгоҳ ва хонандагони литсей табъи иштирокчиёнро бо суруду таронаҳои дилнишин ва рақсҳои дилчасп шод гардониданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Ҷашни бостонии Наврӯз