Паём перомуни рушди маориф

Печать

26 – уми декабри соли 2019 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

 

 

Президенти кишвар дар баробари дигар соҳаҳо дар бораи нақши калидии илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, фарогирии дониши муосир, мутолиаи китобҳои илмиву бадеӣ, арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ суханонӣ намуда, пешниҳод карданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон гардад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа