Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Ба маълумоти донишҷӯён мерасонем, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил ба муҳлати шаш моҳ дар Донишгоҳи Алма-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид. Охирон муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 10-уми январи соли 2020 мебошад. Барои маълумоти иловагӣ ба шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ муроҷиат намоед.

Асосӣ Хабарҳо Дидор аз Қалъаи бостонии Ҳисор

Дидор аз Қалъаи бостонии Ҳисор

25 - уми декабри соли 2019 ҳайати омӯзгорони кафедраи забонҳо бо саъю кӯшиши мудири кафедра Турди - Аханова И.А. ва раиси иттифоқи касабаи кафедра Султон Алиев дар асоси эълон гардидани солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Қалъаи бостонии Ҳисор ва осорхонаи таърихии он дидан карданд.

Омӯзгорон дар ин ҷо аз таъриху фарҳанг ва расму ойини ниёгони арҷманди тоҷикон шиносоӣ пайдо намуда, маърифату маънавияти худро ғановатманд гардониданд.

Мавриди зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин ҳамоишҳои фарҳангию фароғатӣ барои баланд бардоштани худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат мекунад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Дидор аз Қалъаи бостонии Ҳисор