Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Ба маълумоти донишҷӯён мерасонем, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил ба муҳлати шаш моҳ дар Донишгоҳи Алма-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид. Охирон муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 10-уми январи соли 2020 мебошад. Барои маълумоти иловагӣ ба шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ муроҷиат намоед.

Асосӣ Хабарҳо Дастоварди донишгоҳ

Дастоварди донишгоҳ

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, дар оғози соли таҳсили 2019-2020 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон 6 барномаи таълимии худ, аз он ҷумла 4 барномаи зинаи бакалавр – 1-250103 – «иқтисодиёти ҷаҳонӣ», 1-250104 – «молия ва қарз», 1-250107 – «иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо», 1-240103 – «ҳуқуқи иқтисодӣ» ва 2 барномаи таълимии зинаи магистратура – 1-250103 – «иқтисодиёти ҷаҳонӣ» ва 1-250104 – «молия ва қарз»-ро барои мутобиқат ва стандартҳо оид ба таъмини сифат дар фазои аврупоии таҳсилоти олӣ (ESG) пешниҳод намуд.

Комиссияи экспертии берунии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг аз 09 - ум то 12 - уми декабри соли 2019 мутобиқати барномаҳои таълимӣ, раванди таълим ва шароити донишгоҳро барои амалӣ намудани барномаҳои пешниҳодгашта арзёбӣ намуданд.

Бо қарори Шӯрои аккредитатсионии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг аз 20 декабри соли 2019, протоколи № 48 ҳамаи 6 барномаи пешниҳодгаштаи донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳро дар арафаи соли нави 2020 бо ин дастоварди муҳим табрик намуда, таманнои онро дорад, ки аҳли илми донишгоҳ дар соли нав низ бо азму иродаи бештар барои баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва рушди босуботи Тоҷикистони азиз кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 

 

 

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Дастоварди донишгоҳ