Комёбии донишҷӯёни мо

Печать

Аз 20 – ум то 21 – уми декабри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод таҳти сарпарастии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷкиистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар озмуни “Донандаи беҳтарини кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки донишҷӯёни зиёда аз 10 донишгоҳи мамлакат гузаронида шуд.

Дар озмун донишҷӯёни донишгоҳ – Маҳина Бобохонова, донишҷӯи курси 4 – уми ихтисоси 25010812 – баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар бонк ва Исҳоқҷон Қулдошев, донишҷӯи курси 4 – уми ҳамин ихтисос иштирок намуданд.

Дар даври якуми озмун 100 нафар донишҷӯ иштирок кард ва аз онҳо имтиҳони тестӣ қабул карда шуд. Аз ин ҳайат 10 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки дар байни онҳо донишҷӯёни мо низ буданд.

Даври дуюм аз имтиҳони шифоҳӣ иборат буда, бо иштироки коршиносони ниҳодҳои зикршуда доир гардид, ки дар он Маҳина Бобохонова сазовори ҷойи 2-юм ва Исҳоқҷон Қулдошев дорандаи ифтихорнома шуданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа