Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Ҳамоиши судманд

Ҳамоиши судманд

19-уми декабри соли 2019 дар факултети тиҷорат ва гумрук маҷлиси Шӯрои сардорони гурӯҳҳои академии факултет бо иштироки муовинони декан, дотсент Сайфулло Авғонов, номзади илми иқтисодӣ Лоиқшоҳ Бӯриев, Фарҳод Шарофов ва сардорони гурӯҳҳои академӣ гузаронида шуд.

 

Нахуст Сайфулло Авғонов ҳамоишро оғоз намуда, зикр кард, ки ҳайати шӯрои мазкур аз 27 нафар иборат буда, фаъолияти он дар самти ҷоннок намудани кори таълим ва тарбия дар факултет равона карда шудааст. Мавсуф доир ба мақсад ва вазифаҳои Шӯрои сардорони гурӯҳҳои академӣ суханронӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда кори ин ниҳоди муҳимми факултет боз ҳам беҳтару самаранок мегардад.

Сипас Лоиқшоҳ Бӯриев ва Фарҳод Шарофов низ перомуни фаъолияти шӯрои мазкур суханрони намуда, доир ба масоили маҳфилҳои фаннӣ, гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ дар гурӯҳҳо ва дар сатҳи баланд доир кардани ҷашнҳои илмию давлатӣ ибрози назар карданд.

Дар поёни ҳамоиши масъулин ба суолҳои донишҷӯён посух гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Ҳамоиши судманд