Шодбошии бонуи фарзона

Печать

Боиси ифтихор аст, ки мавқеъ ва обрӯю нуфузи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва чӣ дар арсаи байналмилалӣ сол то сол баланд гардида истодааст. Дар ин ҷода саҳми ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ бисёр бузург буда, онҳо пайваста саъю кӯшиш менамоянд, ки рисолаҳои илмии худро сари вақт ҳимоя намуда, ба ин васила дар рушду инкишофи илми ватанӣ саҳми арзанда гузоранд.

Аз ҷумла, чанде пеш бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа Қодирова Заррина Ҳалимовна дараҷаи илмии доктори илми иқтисодӣ дода шуд.

Раёсат, ҳайати омӯзгорон ва профессорони донишгоҳ Заррина Ҳалимовнаро ба муносибати шарафёб гардидани эшон ба дараҷаи илмии доктори илми иқтисодӣ шодбош гуфта, ба ӯ дар фатҳи қуллаҳои навбатии илм ва саҳмгузорӣ дар рушди илми ватанӣ барору комёбӣ таманно доранд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа