Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Вазъи молияи давлатии кишвар

Вазъи молияи давлатии кишвар

14-уми декабри соли 2019 дар кафедраи ”Молия ва қарз” ба муносибати рӯзи касбии кормандони мақомоти молия мизи мудаввар дар мавзуи “Молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир” баргузор гардид, ки дар  он мутахассисон аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шукуров А., сардори шуъбаи методологияи сарраёсати хазинадории марказӣ, Умаров М., муовини сардори раёсати методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ иштирок ва суханронӣ намудаанд.

 

Мутахассисон зимни суханронии худ масоили муҳимму мубрами молиявиро дар кишвар таҳлилу баррасӣ намуда, зикр кардаанд, ки соли 2011 дар натиҷаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 7-уми декабр ҳамчун рӯзи кормандони мақомоти молияи кишвар муқаррар гардидааст. Мутахассисони мақомоти молия барои рушди давлати тоҷикон ва ислоҳоти муҳимии молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю кӯшиши афзун намуда  дар амалисозии ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар фарҷом меҳмонон ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Вазъи молияи давлатии кишвар