Нақши соҳаи хӯроки омма дар рушди соҳаи сайёҳӣ

Печать

12- уми декабри соли 2019 дар “Меҳмонхонаи Тоҷикистон”   таҳти унвони «Нақши соҳаи хӯроки омма дар рушди сайёҳӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид. Конфронси мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо ва дигар иншооти соҳаи хӯроки умумӣ ташкил карда шуда буд.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои риштаи сайёҳӣ иштирок намуданд. Дар конфренсияи ҷумҳуриявӣ омӯзгорону донишҷӯёни бахши сайёҳӣ ва меҳмондории донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, фикру ақидаҳои худро доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ иброз намуданд.

 

 

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки сайёҳӣ маълумотро дар бораи давлат, табиат, таърих, мероси фарҳангӣ, таомҳои миллӣ ва урфу одати мардум пешниҳод менамояд. Имрӯз маҳз бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати “дарҳои кушод”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият ба вуҷуд оварда шудааст, ки фарҳангу анъана, ойинҳои миллии тоҷикӣ ва потенсиали бузурги сайёҳии мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда шавад.

Дар фарҷом дар толори тарабхонаи “Меҳмонхонаи Тоҷикистон” намоиши хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳо, шириниҳо ва тарзи дуруст оростани дастархон манзури ҳозирин гардонида шуд.

Кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат