Баррасии барномаҳои таълимӣ

Печать

12-уми декабри соли 2019 дар толори диссертатсионии ДДТТ вохӯрии коршиносони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг(АМАР) дар ҳайати раис Палкин Евгений Алексеевич , нозир Ниязова Гулияш Балкеновна, коршинос Арзаева Майя Жеткергеновна, коршинос Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович, коршинос Татаринова Лола Фурқатовна, донишҷӯ Миров Муҷиб Мирович, корфармо Бегов Дилшод Мирзомуродович  бо раёсат ва роҳбарони сохторҳои донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он натиҷаи аз аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ гузаронидани 4 барономаи таҳсилотӣ ва ду барномаи магистрӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.

Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии   ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович оғоз гардид. Мавсуф аз ҳузур ва фаъолияти кории чандрӯзаи меҳмонон изҳори сипос ва ризоият намуда, иброз дошт, ки ДДТТ дар байни макотиби олии кишвар яке аз ташаббускорони  мутобиқгардонии барномаҳои таҳсилотӣ ба стандартҳои байналмилалӣ дониста шуда, дар ин самт натиҷаҳои назаррасро ба даст овардааст.

Сипас, Ҳамидуллохон Нуриддинович бо камоли эҳтиром риштаи суханро ба сардори ҳайати коршиносони АМАР Палкин Евгений Алексеевич  во гузошт.

 

 

Евгений Палкин аз хусуси баъзе камбудиҳои дар кори таълиму тарбия ҷойдошта ҳарф зада, бо қаноатмандӣ аз хусуси дастовардҳои донишгоҳ дар самти ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва ҷавобгӯ будани барномаҳои таҳсилотӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ёдовар шуд.

Дар хотимаи ҳамоиш ректори донишгоҳ ҳайати коршиносони АМАР-ро бовар кунонд, ки ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ маслиҳатҳои судманди эшонро ба назар гирифта, баҳри рафъи  камбудиҳои ҷойдошта ва рушди минбаъдаи соҳаи таълиму тарбия, такмили барномаҳои таҳсилотӣ ва  салоҳиятнокӣ дар таълим  кӯшишу ғайрати хешро равона менамояд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа