Даври якуми олимпиада

Печать

29-уми ноябри соли 2019 дар кафедраи забонҳо даври якуми олимпиада аз фанни забони давлатӣ  бо иштироки 52 нафар донишҷӯи фаъол баргузор гардид.

Ҳадафи олимпиада муайян намудани донишҷӯёни  лаёқатманди забондон ва риояи меъёрҳои забони адабӣ буд.

Ғолибони даври якуми олимпиада аз фанни забони тоҷикӣ (давлатӣ) аз рӯйи навиштани ЭССЕ (иншои хурд) ба таври зайл муайян гардидаанд:

Ҷойи якум- Набиева Таманно, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 23010205 (роҳбари илмӣ, дотсент Ҷамшед Гурезов);

Ҷойи дуюм- Салимов Сомонҷон, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 240101 (роҳбари илмӣ, дотсент С. Нодирӣ);

Ҷойи сеюм- Ризоев Дилшод, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 960101(роҳбари илмӣ, дотсент Бобишоҳи Насриддиниён).

Ғолибон аз фанни забони англисӣ аз рӯйи навиштани ЭССЕ ба таври зерин маълум гардиданд.

Ҷойи якум – Рӯё Абдулалӣ,  донишҷӯи курси дуюми  ихтисоси 240101 (роҳбари илмӣ, номзади илми филологӣ Зубайда Пакаева);

Ҷойи якум – Сафарова Меҳрангез, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 250103 (роҳбари илмӣ, номзади илми филологӣ И. Турдиаханова)

Ҷойи дуюм- Ҳотами Сино , донишҷӯи курси якуми ихтисоси 25010407 (роҳбари илмӣ, Т. Саидов);

Ҷойи дуюм- Раҷабова Манижа , донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 240101 (роҳбари илмӣ, Зубайда Пакаева);

Ҷойи сеюм- Достиева Дилафрӯз, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 23010205 (роҳбари илмӣ, Т. Насриддинов);

Ғолибони олимпиади донишгоҳ барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии он ҳуқуқ пайдо намудаанд.

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа