Пешгирии бемориҳои сироятӣ

Печать

30-юми ноябри соли 2019 дар факултети тиҷорат ва гумрук ба муносибати Рӯзи мубориза бар зидди бемории сироятии ВНМО (ВИЧ-СПИД) вохӯрии аҳли садорати факултет, духтури бунгоҳи тиббии донишгоҳ Музаффар Мӯсоев ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст вохӯриро бо сухани  муқаддимавӣ декани факултет Мунаввар Саидова оғоз намуда, таъкид кард, ки барои солимии ҷомеа мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, бемории ВНМО (ВИЧ-СПИД) аҳамияти афзун дорад.

 

Дар идомаи вохӯрӣ, духтур Музаффар Мӯсоев, мудири корҳои ташкилӣ Ашӯров Сухбатулло, муовинони декан Сайфулло Авғонов, Лоиқшоҳ Бӯриев ва Фарҳод Шарофов доир ба масъалаи муҳимму доғи рӯз ибрози андеша намуданд ва ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа