Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19-уми ноябри соли 2019 дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши садорати факултети иқтисодиёт ва менеҷмент ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Акрамов Ф.М. ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст Акрамов Ф.М. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии кишвар табрику таҳният гуфта, аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва маънавию фарҳангии онро барои давлату миллати тоҷик таъкид намуд.

Дар идомаи анҷуман профессор Ҷабборов А. доир ба мавзӯи матраҳшуда суханрони пурмазмун ва омӯзанда кард.

Ассистени кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Саъдӣ Додарбеков низ перомуни мавзӯи “Парчами мо – ифтихори мо” ибрози андеша намуд.

 

Сипас донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва менеҷмент дар мавзӯи парчами давлатӣ, муқаддасот ва худшиносию ҳувияти миллӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Шуъбаи робита ҷомеа