Ба ифтихори Рӯзи Президент

Печать

Аз 4-уми то 13-уми ноябри соли 2019 дар донишгоҳ бо саъю эҳтимоми садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ ва аъзои кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд дар байни ҳамаи ихтисосҳои курси 1-уми факултети мазкур баргузор шуд. Дар мусобиқа аъзои 6 даста ширкат намуда, маҳорати баланди худро дар бозии футболи хурд нишон доданд.

  

Аз рӯи натиҷаи ниҳоӣ аъзои дастаи ихтисоси 240103 А, ҷойи 1-ум, аъзои дастаи ихтисоси 23010205, ҷойи 2-юм ва аъзои дастаи ихтисоси 240103 Б, ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа