Намоиши хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ва беларусӣ

Печать

Санаи 14 – уми ноябри соли ҷорӣ саҳни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷкиистон намуди идона дошт. Маҳсули дастони ба намоиш гузоштаи донишҷӯёни ҳамаи факултаҳои донишгоҳ, ки аз хӯрокҳои миллии ниёгону муосир ва маҳсулоти нонию қаннодии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус иборат буданд, ба чорабинӣ шукуҳи хосса бахшида, диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамуданд.

Садои хуши нағора ва сурнаю карнай, ки ба дуриҳои дур танинандоз мегардид, ба дилҳо шодию сурур бахшида, табъи иштирокчиёнро болидатар мегардонд.

Ворид гардидани меҳмонони гиромиқадр Иванов Олег Николаевич - сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода – ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саид Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рошина Елена Василевна – мудири кафедраи молшиносии Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Беларус, Митселкина Татяна Степановна – мутахассис доир ба омода намудани хӯрок ва ороиши тарабхонагӣ (аз ҳамин донишгоҳ), Имомзода Муҳаммадюсуф – ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Зикриё Саидзода, муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳиниён Маҳмадсаид - раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳни донишгоҳ ва аз намоиши хӯрокҳои миллии ниёгону муосир, маҳсулоти нонию қаннодии Тоҷикистону Беларус, намоиши дастархондорӣ ва хизматрасонии сатҳи олӣ, инчунин, ташкили хизматрасонӣ дар ошхона барои мизоҷон дидан карда, ба ҳунари мутахассисону донишҷӯён баҳои баланд доданд, ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд.

Сипас, дар толори асосии донишгоҳ қисми фарҳангии чорабинӣ доир гардид, ки онро ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва эшонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ табрику таҳният намуд ва суханро бо камоли эҳтиром ба сафири Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон Иванов Олег Николаевич во гузошт. Олег Николаевич аз хусуси ҳамкориҳои дӯстона ва мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Беларус ҳарф зада, иброз дошт, ки ин ҳамкориҳо минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Барномаи фарҳангии дастаи “Тоҷири аҷам” – и донишгоҳ, ки хеле рангин омода карда шуда, бо маҳорати баланд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, беларусӣ ва англисӣ иҷро гардиданд, манзури аҳли толор гардонида шуд.

Дар хотимаи барномаи фарҳангӣ ректори донишгоҳ Ҳамидуллохон Нуриддинович ба меҳмонон, донишҷӯён, аъзоёни дастаи “Тоҷири аҷам” ва хонандагони литсейи назди донишгоҳ барои иштирок ва пурмазмун гардондани чорабинӣ изҳори сипос намуд ва иброз дошт, ки ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи савдо ва иқтисоди Ҷумҳурии Белорус минбаъд низ тавсеа хоҳанд ёфт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа