Меҳмонон аз Ҷумҳурии Беларус

Печать

11-уми ноябри соли 2019 намояндагони Донишгоҳи савдо ва иқтисоди Ҷумҳурии Беларус дар ҳайати Рошина Елена Василевна, мудири кафедраи молшиносӣ ва Митселкина Татяна Степановна, мутахассис доир ба омодагардонии хӯрок ва ороиши тарабхонагӣ бо сафари хидматӣ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварданд.

Нахуст ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. меҳмонони муҳтарамро ба ҳузур пазируфт ва аз ташрифи эшон ба донишгоҳ изҳори сипосу ризоият намуда, таъкид кард, ки робитаҳои неку судманди ДДТТ бо Донишгоҳи савдо ва иқтисоди Ҷумҳурии Беларус ҳамвора рушду тавсеа меёбад ва мо дар оянда саъю кӯшиш менамоем, ки муносибатҳои неки илмию таҳқиқотӣ ва фарҳангии донишгоҳҳои худро ба сатҳу сифати боз ҳам баландтар бибардорем.

 

 

Мутахассисони бомаҳорат ва хушсалиқаи беларусӣ - Еленеа Рошина ва Татяна Митселкина дар давоми як ҳафта барои омӯзгорони кафедраҳои молшиносӣ ва экспертизаи молҳо, менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат дарсҳои омӯзишӣ барои такмили ихтисос баргузор менамоянд. Ҳамчунин, ин ду бонуи фарзона ва ҳунарманд доир ба шеваю усули пухту паз, навъҳои хӯроки беларусӣ, хидматрасонӣ бо сифати баланд зимни пазироии меҳмонон, ороиши мизи меҳмонони дараҷаи олӣ, ба тартиб даровардан ва омода намудани ошхона ва сайёҳии меҳмонхонадорӣ машғулиятҳои амалӣ доир менамоянд.

Дар фарҷоми давраи омӯзиш ва коромӯзӣ аз ҷониби мутахассисони тоҷику беларус намоиши хӯрокҳои миллии Тоҷикистон ва Беларус гузаронида мешавад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа