Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати донишгоҳ ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва корманду донишҷӯёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми ноябри соли 2019 ҷашн гирифта мешавад, аз самими қалб табрику таҳният мегӯяд.

Асосӣ Хабарҳо Семинари илмӣ-амалӣ

Семинари илмӣ-амалӣ

5-уми ноябри соли 2019 дар толори конфронсҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси садорати факултети иқтисодиёт ва менеҷмент дар якҷоягӣ бо кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар бинои таълимии №7 семинари илмӣ-назарявӣ таҳти унвони “Конститутсия-роҳманои миллат” баргузор гардид.

Вобаста ба мавзӯи мазкур муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ Алиев Фаррух Шарифович суханронӣ намуда, оид ба хусусиятҳои фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳаммияти таърихии он, инчунин, афзалияти ҳуқуқи инсон дар Конститутсия суханронӣ намуданд.

 

Дар идомаи семинар донишҷӯёни курси 3-юм ва 4-уми факултет Сафарзода Хуршед дар мавзӯи “Конститутсия ва заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеа”, Ҳомидзода Асҳобиддин дар мавзӯи “Конститутсия санади олии кишвар” ва Шарифов Шодон дар мавзӯи “Қонун роҳнамои зиндагии мо ва бахтномаи миллат ” бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Семинари илмӣ-амалӣ