Ташрифи Мария Виктория ба донишгоҳ

Печать

28 – уми октябри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” тренинг баргузор гардид, ки онро таҳлилгари байналмилалии Донишгоҳи Гранадаи Испания Мария Виктория доир намуд.

Мария Виктория дар хусуси сохтори барномаи таълимии Донишгоҳи Гранада, методологияи рушди салоҳиятнокӣ ва таъмини ташаккули он дар ҷараёни таълим, рушди салоҳиятнокӣ барои 4 барномаи таълимӣ: иқтисоди ҷаҳон, иқтисод ва идоракунӣ дар корхона, ҳуқуқи иқтисодӣ, молия ва қарз ба таври муфассал ҳарф зада, бо мисолҳои мушаххас бартарияти онро нишон дод.

 

Дар идомаи тренинг аъзоёни гурӯҳи корӣ доир ба дигар ҷанбаҳои барномаи таълимӣ андешаҳояшонро баён карданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа