Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати донишгоҳ ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва корманду донишҷӯёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми ноябри соли 2019 ҷашн гирифта мешавад, аз самими қалб табрику таҳният мегӯяд.

Асосӣ Хабарҳо Иттиҳоди Аврупо ва иқтисоди глобалӣ

Иттиҳоди Аврупо ва иқтисоди глобалӣ

21-уми октябри соли 2019 бо фарохонди масъулини ДДТТ профессорони Донишгоҳи Варминск – Мазурски Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) Карал Войтович ва Конрад Шидловский бо сафари хидматӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд.

 

Онҳо дар дарси кушод доир ба мавзӯъҳои “Бозори молиявии Иттиҳоди Аврупо” ва “Фаъолияти соҳибкории аъзои Иттиҳоди Аврупо дар шароити рақобати глобалӣ” дар ҳузури омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ суханронӣ намуда, доир ба масоили рушди бозори молиявӣ, дурнамои кишварҳои рӯ ба рушд дар манзари ҷаҳони имрӯза, пурзӯршавии равандҳои ҳамгироӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, барҳамсозии монеаҳо дар тиҷорату соҳибкорӣ, кам намудани боҷи гумрукӣ ва тахассусии созишномаҳои байналмилалӣ ибрози андеша карданд ва ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Иттиҳоди Аврупо ва иқтисоди глобалӣ