Варзиш

Печать

Дар донишгоҳ бахшида ба Иди муаллимон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусобиқаи волейбол дар байни донишҷӯёни курсҳои якуми ҳамаи ихтисосҳо гузаронида шуд.

Мақсади аз доир намудани мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, намудҳои гуногуни варзиш аз ҷумла, волейбол ва интихоби варзишгарони беҳтарин ба дастаи мунтахаби донишгоҳ мебошад.

Дар мусобиқа 5 даста: “Иқтисодиёт - 1”, “Иқтисодиёт - 2”, “МиБ ва ҳуқуқ”, “Молия ва фаъолияти бонкӣ”, “Гумрук” иштирок намуданд.
Мусобиқаи байни дастаҳои донишгоҳ бо чунин натиҷа анҷом ёфт:

“Иқтисодиёт - 1” ҷойи 1 – ум,  “Молия ва фаъолияти бонкӣ” ҷойи 2 – юм, “МиБ ва ҳуқуқ” ҷойи 3 - юм.
Бозингарони беҳтарини мусобиқа инҳо дониста шуданд:

Нурматов Муҳаммад, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 25010402, Меҳриддини Муслиҳиддин, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 25010403, Гадозода Фахриддин, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 25010402.

 

Ғолибони мусобиқа аз тарафи Раёсати донишгоҳ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа