Вусъати ҳамкориҳо

Печать

12 – уми октябри соли ҷорӣ устодони Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт – Петербурги Федератсияи Россия – номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ, дотсент Коршунов Игор Лвович ва доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи системаҳои иттилоотӣ Колбанёв Михаил Олегович бо сафари корӣ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикисон ташриф оварданд.

 
Зимни суҳбат ва табодули таҷриба аз хусуси проблемаҳои кор дар лоиҳаҳо, нарасидани мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маориф, бартараф кардани монеаҳои сунъӣ бо мақсади таълими самаранок ва таҳкими дониши донишҷӯён ва табодули онҳо изҳори андеша карда шуд.
Дар анҷоми кори якҷояи ҳайати омӯзгорону профессорони Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт – Петербург ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар хусуси ҳамкориҳо шартномаи байникафедравӣ ба имзо расонида шуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа