Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати донишгоҳ ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва корманду донишҷӯёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми ноябри соли 2019 ҷашн гирифта мешавад, аз самими қалб табрику таҳният мегӯяд.

Асосӣ Хабарҳо Дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ

Дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ

18 – уми октябри соли 2019 дар толори конфронсҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷониби Ораз Муртазоев – номзади илми иқтисод, муовини декани молия ва фаъолияти бонкӣ оид ба шуъбаи ғоибона дар мавзӯи "Татбиқи барномаҳои инноватсионӣ ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дарси кушод гузаронида шуд. Нотиқ зимни суханрониаш ба масъалаҳои саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ ва маблағгузорӣ ба он таваҷҷуҳи аҳли толорро ҷалб намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ аз ҷорӣ намудани технологияи муосир вобаста буда, пешрафти илмию техникӣ ба омилҳои дохилиистеҳсолӣ ва берунӣ таъсири хеле калон мерасонад. Дар шароити имрўзаи рақобати бозор асоси рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ аз фаъолияти инноватсионӣ сарчашма мегирад.

 

Дар давраи солҳои 2011-2017, - суханашро идома дода гуфт Ораз Муртазоев, - шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 581 ба 974 воҳид (афзоиш 67 дарсад) зиёд гардиданд. Дар ин замина, талабот ба беҳтар гардонидани сифат ва шумораи инфрасохтори корхонаҳое, ки хизматрасониҳои молиявӣ ва фаъолияти миёнаравиро пеша намудаанд, меафзояд. Талабот ба сатҳи хизматрасониҳои корхонаҳои соҳаи иҷтимоӣ пайваста рў ба афзоиш дорад, ки ин дар давоми як сол қариб 26 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар хотимаи дарси кушод чанде аз омӯзгорону олимони ҷавон фикру андешаҳои хешро оид ба мавзӯи зикргардида, ки воқеан ҳам мавзӯи мубрами рӯз маҳсуб меёбад, баён намуданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ