Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати донишгоҳ ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва корманду донишҷӯёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми ноябри соли 2019 ҷашн гирифта мешавад, аз самими қалб табрику таҳният мегӯяд.

Асосӣ Хабарҳо Саводи молиявӣ ва рушди шахсӣ

Саводи молиявӣ ва рушди шахсӣ

Аз 16-ум то 18-уми октябри соли 2019 Маркази машваратии донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар доираи лоиҳаи «Механизми ҳавасмандгардонии духтарон ҷиҳати гирифтани маълумоти олӣ» машғулият дар мавзӯи «Саводи молиявӣ – қобилияти нигоҳ доштани буҷаи оилавӣ» барои донишҷӯдухтарон доир гардид, ки дар он ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур Гулнора Ҳисориева ва мудири кафедраи андоз ва суғурта, дотсент Абдукарим Қурбонов иштирок намуданд.

 

Нахуст Гулнора Ҳисориева бо пешгуфтор семинарро оғоз намуда, дар бораи аҳаммияти афзуни саводи молиявӣ ва дуруст ба нақша гирифтани буҷаи оилваӣ андешаронӣ кард ва риштаи суханро ба Абдукарим Қурбонов вогузор намуд.
Мавсуф перомуни масоили сохтори буҷаи оила, дахлу харҷи он, ҳимояи молиявӣ ва озодӣ, асосҳои нақшаҳои молиявии шахсӣ ва дигар ҷанбаҳои молиявию иқтисодии мавзӯи матраҳшуда ибрози андеша намуда, дар фароварди сухан ба суолҳои ҳозирин посух гуфт.

Ҳамчунин, дар ҳамин вақти таъиншуда дар Маркази машваратии донишҷӯдухтарон дар доираи лоиҳаи мазкур машғулият дар мавзӯи «Рушди шахсӣ: чӣ гуна бояд муваффақ шуд?» барои донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

 

Доир ба мавзӯи мавриди назар равоншинос Наргис Тоймастова суханронӣ намуда, дар бораи рушди шахс, орзую ҳадафи ӯ худбаҳодиҳӣ, боварӣ ба худ, мусбатандешӣ ва ба даст овардани муваффақият изҳори андеша карданд ва ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Саводи молиявӣ ва рушди шахсӣ