Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати донишгоҳ ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва корманду донишҷӯёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми ноябри соли 2019 ҷашн гирифта мешавад, аз самими қалб табрику таҳният мегӯяд.

Асосӣ Хабарҳо Форуми III байналмилалии Осиёи Марказӣ

Форуми III байналмилалии Осиёи Марказӣ

4-ум ва 5-уми октябри соли 2019 дар Донишгоҳи байналмилалии Қазоқистон ва Туркияи ба номи Ҳоҷи Аҳмад Ясавии шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми III байналмилалии Осиёи Марказӣ доир ба таъмини сифати таҳсилот доир гардид, ки дар он намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дотсент Раҳмоналӣ Мирзоев иштирок намуд.

Ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири маориф ва илми кишвар Сайфиддин Давлатзода роҳбарӣ намуд.

Дар ҷаласаи пленарӣ Сайфиддин Давлатзода суханронӣ намуда, вазъи сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал арзёбӣ кард.

4-уми октябри соли равон дар бахши 1 – ум - таҷрибаи байналмилалии сифати таҳсилот мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, дотсент Раҳмоналӣ Мирзоев суханронӣ намуд.

5 – уми октябри соли 2019 Р. Мирзоев дар мизи мудаввар таҳти унвони “Идоракунии стратегии мактаби олӣ дар шароити академӣ ва байналмилаликунонии таҳсилот” иштирок намуда, дар мавзӯи “Озодии академии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баромад кард.

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Форуми III байналмилалии Осиёи Марказӣ