Такмили сохтории барномаҳои таҳсилӣ

Печать

Гурӯҳи корӣ дар доираи лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” бо роҳбарии сардори гурӯҳ, ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. кору фаъолияти афзунеро дар самти рушди такмили таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ ба сомон расонидааст.

Дар зарфи соли сипаригардида аъзои гурӯҳи корӣ барои шиносоӣ ва омӯзиши низоми таҳсил ва барномаҳои таҳсилотӣ ба Донишгоҳи Пизаи Италия, Донишгоҳи Алма-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишгоҳи Гранадаи Испания сафари хидматӣ доштанд.

Аз 22-юм то 29 – уми сентябри соли 2019 гурӯҳи корӣ дар ҳайати ҳамоҳангсози лоиҳа, муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, дотсент Заррина Қодирова, дотсент Нарзулло Сангинов, н.и.и, дотсент Толибов Қобил, н.и.и, дотсент Аминов Фотеҳ, д.и.и., профессор Раҷабов Раҷаб ва н.и.и., дотсент Фарҳод Шаропов аз Донишгоҳи Гранадаи Испания бо мақсади омӯзиши масоили мавриди назар дидан намуданд ва бо фаъолияти густардаи ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ, низоми таҳсил ва барномаҳои таҳсилотии ин боргоҳи илму маърифат шинос шуданд ва таҷрибаи афзун андӯхтанд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2018 гурӯҳи корӣ дар ҳайати олимону мутахассисони шинохтаи соҳаи иқтисод барои амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ дар самти воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва мутобиқ гардонидани стандарту барномаҳои таҳсилотӣ ба стандарту нишондиҳандаҳои аврупоии таъмини сифати таҳсилот таъсис ёфта буд ва ин гурӯҳи корӣ дар натиҷаи омӯзишу таҳқиқ ва таҷрибаи андӯхтаи худ аз барномаҳои таҳсилотии донишгоҳҳои мазкур ва маслиҳату машварати мушовирони байналмилалӣ ба такмилу таҷдиди сохтории 4 барномаи таҳсилотии донишгоҳ – иқтисоди ҷаҳон, молия ва қарз, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона ва ҳуқуқи иқтисодӣ машғул гардиданд. Ин саъю кӯшиш ва ибтикори арзандаи ҳайати гурӯҳи корӣ дар самти такмили сохтории барномаҳои таҳсилотӣ натиҷаи муҳимму хуб ба бар овард ва ин амал аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ ба таври мусбат арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин, перомуни мавзӯи мавриди назар аз 7 – ум то 9-уми октябри соли 2019 дар донишгоҳ дар доираи лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” семинари омӯзиши таҳти унвони “Такмили барномаҳои таҳсилотии ба салоҳиятнокӣ асосёфта бо истифодаи услуби тюнинг” бо иштироки сардори гурӯҳи корӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н, мушовири байналмилалӣ, профессори Донишгоҳи Пизаи Италия Анна Катрин Айзакс ва ҳайати гурӯҳи корӣ доир гардид.

Дар семинар ҳамоҳангсози лоиҳа, муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, дотсент Заррина Қодирова дар мавзӯи “Такмили 4 барномаи таҳсилотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси омӯзиши таҷрибаи Донишгоҳи Пизаи Италия ва Донишгоҳи Алма-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон” суханронӣ намуда, таъкид кард, ки аъзои гурӯҳи корӣ такмилу таҷдиди сохтории барномаҳои кории донишгоҳро дар асоси омӯзишу таҷриба ва таҳқиқи барномаҳои таҳсилии донишгоҳҳои зикргардида ба анҷом расонидаанд.

Профессори Донишгоҳи Пизаи Италия Анна Катрин Айзакс доир ба масоили услуби арзёбии сифати барномаҳои таҳсилотӣ, таҷрибаи татбиқи барномаҳои таҳсилотӣ ва такмили раванди таълим дар Донишгоҳи Пиза суханронӣ намуда, зикр кард, ки такмилу таҷдиди сохтории 4 барномаи таҳсилотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба ғайр аз баъзе ҷузъҳои он дар сатҳу сифати баланд таҳия гардидааст ва мукаммалу муназзам мебошад.

Ҳамоҳангсози лоиҳа Заррина Қодирова, узви гурӯҳи корӣ дотсент Фарҳод Шаропов ва мушовири байналмилалӣ, профессор Анна Катрин Айзакс дар Вазорати маориф ва илми кишвар зимни вохӯрӣ бо муовини вазир Сайфиддин  Давлатзода доир ба такмилу таҷдиди сохтории 4 барномаи таҳсилии донишгоҳ ибрози афкору ақида намуданд.

Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Сайфиддин  Давлатзода аз ин иқдоми муҳимму зарурии ҳайати гурӯҳи кории ДДТТ дар доираи лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” ҷонибдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки дар доираи мавзӯи матраҳшуда ба хотири тарғибу ташвиқ ва дастгирии чунин иқдоми судманд дар сатҳи муовинони ректорон оид ба таълим семинари омӯзишӣ гузаронида шавад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа