Семинари илмӣ – назариявӣ

Печать

Олимон чароғи хирад ва афрӯзандагони машъали илму маърифат ба ҳисоб мераванд. Ҷомеа маҳз ба тавассути заҳмати шабонарӯзӣ ва навоварию ихтирооти ин қабил ашхос рушд ёфта, инсоният ба комёбиҳои беназир ноил мегардад. Аз ин ҷост, ки олимону ихтироъкорон дар байни на танҳо аҳли зиё, балки дар байни кулли мардум обрӯ ва эҳтироми зиёдро соҳиб мебошанд.

Ҷамъомади тантанавие, ки рӯзи 10 – уми октябри соли ҷорӣ дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо иштироки ҳайати устодону профессорон, магистрантону унвонҷӯён ва олимону донишмандони кишвар дар мавзӯи “Масоили фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар шароити муосири Тоҷикистон” баргузор гардид, ба ҳаёту фаъолияти олими шинохтаи соҳаи фалсафа Додарҷон Хуморов бахшида шуд.

Ҷамъомади илмиро ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров ҳусни оғоз бахшида, ба таври мухтасар аз фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва саҳми арзандаи дотсенти кафедраи фалсафаи донишгоҳ Д. Хуморов суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла саҳми устодро дар пешбурди соҳаи маориф, таълиму тарбия ва тайёр намудани олимони ҷавон назаррас арзёбӣ карда, фаъолияти ӯро барои омӯзгорони ҷавон намунаи ибрат донист.

 

Сипас, Додарҷон Хуморов ҳамчун файласуф ва сиёсатшинос андешаҳояшро оид ба роҳҳои боз ҳам пешрафта гардонидани ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, ифтихори ватандорӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надодани ҷавонон, бахусус, дар замони ҷаҳонишавӣ баён намуд.

 

Дар идомаи ҳамоиш академик Маҳмадулло Лутфуллоев, олимони шинохта Саидбой Шербоев, Шамсулло Исмоилов, Шоназар Шоисматуллоев, Абдуғаффор Шарифов, Ҳамид Маҷидов, Мунаввар Саидова дар суханронии хеш роҷеъ ба фаъолияти пурсамари устод Додарҷон Хуморов ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонии ӯ ибрози андеша намуда, саҳми эшонро дар рушди илми фалсафа ва сиёсатшиносии мамалакат назаррас арёбӣ намуданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа