Семинари омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат”

Печать

Аз 7-ум то 9-уми октябри соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ дар доираи лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Такмили барномаҳои таҳсилотии ба салоҳиятнокӣ асосёфта бо истифодаи услуби Тюнинг” баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н., профессори Донишгоҳи Пизаи Италия Катрин Айзакс ва аъзои гурӯҳи лоиҳаи мазкур иштирок намуданд.

Нахуст Фақеров Ҳ.Н. бо сухани муқаддимавӣ аз иштироки меҳмони гиромӣ ва аъзои гурӯҳи корӣ дар ин семинари омӯзишӣ изҳори сипосу ризоият намуд ва таъкид кард, ки такмили барномаҳои таҳсилотии ба салоҳиятнокӣ асосёфта тақозои замони муосир аст ва ин амал барои боло баровардани сатҳу сифати таҳсил дар мактаби олӣ мусоидат мекунад.

Сипас профессор Катрин Айзакс дар мавзӯи “Услуби муайян намудани салоҳиятҳои умумӣ ва касби (фанни) – и хатмкунандагон ва таъмини ташаккули онҳо дар раванди таълим” суханронӣ намуда, доир ба масоили салоҳиятнокии умумию касбӣ, нақшаи таълимӣ, матритсаи салоҳиятнокӣ, коромӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, таъминоти таълимӣ – методӣ ва иттилоотӣ ибрози андеша кард ва дар раванди муҳокимаи масоили матраҳшуда ба суолҳои аҳли нишаст посухи муфассал гуфт.

 

 

Дар идомаи семинар муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” Қодирова Заррина Ҳалимовна дар мавзӯи “Такмили 4 барномаи таҳсилотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси омӯзиши таҷрибаи Донишгоҳи Пизаи Италия ва Донишгоҳи Алма-менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон” суханронӣ карда, нуқтаи назари худ ва аъзои гурӯҳи кориро доир ба 4 барномаи таҳсилотии донишгоҳ, салоҳиятнокии роҳбарони таҳсилот, маҳорати касбӣ, идоракунии таҳсилот ва баланд бардоштани сифати таҳсил иброз намуд.

Дар идомаи семинари омӯзишӣ аъзои гурӯҳи корӣ дар бораи барномаҳои таҳсилотии такмилёфта, такмили барномаҳои таҳсилотии таҳияшуда бо назардошти хулосаҳои мушовирони байналмилалӣ ва профессор Катрин Айзакс дар мавзуъҳои “Услуби арзёбии сифати барномаҳои таҳсилотӣ” ва “Таҷрибаи татбиқи барномаҳои таҳсилотӣ ва такмили раванди таълим дар Донишгоҳи Пиза” суханронӣ карданд. Перомуни ин масоили муҳимму мубрами матраҳшуда аз ҷониби аъзои гурӯҳи кории “Низоми менеҷменти сифат” ва профессор Катрин Айзакс муҳокимаю музокироти судманд доир гардид, ки ин барои такмили барномаҳои таҳсилотии ба салоҳиятнокӣ асосёфта мусоидат мекунад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа