Перомуни забони миллӣ ва омӯзгор

Печать

3-юми октябри соли 2019 дар кафедраи “Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ” бо саъю кӯшиши сарпарастони кафедра конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Забон – пояи ҳастии миллат” доир гардид, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои 2 – юм ва 4 – уми ихтисоси 250107 – иқтисод ва идоракунӣ дар корхона иштирок намуданд.

Дар конференсия номзади илми иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Ҳабибова С, муаллими калон Амонов С. ва донишҷӯёни курси 4 – уми ихтисоси 250107 Баҳодур Давлатов, Мусулмон Гулхонзода ва Ҷовидон Асадуллоев доир ба масоили таърихи рушди забони тоҷикӣ, нақши забони давлатӣ дар инкишофи давлат ва ҷомеа ва поку беолоиш нигоҳ доштани он суханронӣ намуданд.

Донишҷӯён Фирӯз Давлатов, Роҳила Бобоева, Фаттона Салимова ва дигарон аз осори шоирони бузурги тоҷик дар ситоиши забони модарӣ порчаҳои шеърӣ қироат карданд.

 

 

Ҳамчунин, ҳамин рӯз дар кафедраи мазкур бо ибтикори сарпарастон дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи “Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор...” бо иштироки профессор Ҳабибов С., дотсент Зелнер Е., дотсент Ҷамшедов М. ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар ин дарси тарбиявӣ олимони арҷманди зикргардида перомуни аҳаммияти илмомӯзӣ дар ҳаёти инсон, муҳиммияти ихтисоси интихобнамудаи донишҷӯён ва қадрдонии заҳмати падару модар ва омӯзгор ибрози андеша намуданд.

Донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 250107 – Фарзона Ализода ва Иззатулло Ваҳҳобов дар мавзӯи омӯзгор бо маърӯза баромад карданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як гурӯҳ донишҷӯён дар ситоиши омӯзгор шеър қироат намуданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа