Либос муаррифи фарҳанг

Печать

2-юми октябри соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ ҷаласаи умумии бонувон ва ҷавондухтарони корманд доир ба мавзӯи “Либос муаррифи фарҳанг” тадвир ёфт, ки дар он муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, дотсент Заррина Қодирова ва мутахассиси шуъбаи тарбия ва корҳои ташкилӣ оид ба занон Ҷамила Ғафурова иштирок намуданд.

Нахуст Ҷамила Ғафурова перомуни аҳаммият ва вежагиҳои либоси расмии корӣ ва либоси миллӣ, тарғибу ташвиқи либос ва фарҳанги миллӣ дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва риояи тарзи пӯшидани либоси расмии корӣ дар донишгоҳ аз ҷониби бонувон ва ҷавондухтарони корманд суханронии муфассал намуд.

 

Дар идомаи маҳфил мудири кафедраи забонҳо Иродат Турдиаханова ва муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ Зарафшон Каримова зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки дар донишгоҳ корҳои тарғиботӣ – фаҳмондадиҳӣ нисбат ба занон ҷоннок гардад ва нақшу саҳми ин қишри фаъоли ҷомеа дар рушду такмили таълиму тарбияи насли ҷавони кишвар афзоиш ёбад.

Сипас Гулнора Ҳисориева ва Заррина Қодирова дар бораи лоиҳаи “Механизми ҳавасмандгардонии духтарон ҷиҳати гирифтани маълумоти олӣ” ва доир кардани семинару маҳфилҳои омӯзишӣ барои бонувон ва донишҷӯдухтарон ибрози андеша намуданд.

 

Дар фарҷоми ҳамоиш бонувон ва ҷавондухтарони корманди донишгоҳ барои хотира сурати умумӣ гирифтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва шуъбаи ташкилӣ ва корҳои тарбиявӣ