Рӯйдоди бошукӯҳ ва хотирмон

Печать

30-юми сентябри соли 2019 дар толори асосии ДДТТ вохӯрии Ҳамидуллохон Фақеров, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо муҳассилини соли якуми донишгоҳ доир гардид.

Профессор Ҳамидуллохон Фақеров нахуст кулли донишҷӯёни соли якуми таҳсилро ба муносибати донишҷӯи ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гардиданашон сидқан муборакбод гуфта, ба онҳо дар роҳи илмомӯзӣ ва соҳибкасбу соҳибмаълумот гардидан барору комёбӣ орзӯ намуд.

 

Ректори донишгоҳ ҳамчунин, аз хусуси дастовардҳои донишгоҳ (ҳоло ДДТТ дар қатори 5 донишгоҳи беҳтарини мамлакат қадам мезанад), минбаъд низ беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, бахусус, ҷорӣ кардани таълими техналогияи рақамии муосир, бунёди марказҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳо, ҳамкориҳои муфиди байналмилалӣ, имкониятҳои васеи донишгоҳ ҷиҳати табодули донишҷӯён ба донишкадаву донишгоҳҳои дохилию хориҷи кишвар, иқтидори кадрии донишгоҳ ва дигар шарту шароити таълим ёдовар шуд.

Имрӯз донишҷӯён ба тавассути олимону омӯзгорони варзида ва шароити хуби таълимӣ метавонанд дар соҳаҳои иқтисод, ҳуқуқ ва кори гумрукӣ мутахассисони рақобатпазир гарданд.

Албатта, бароои ноил гардидан ба ин ҳадаф кӯшишу ғайрат ва заҳмати зиёд лозим аст. Ва ман боварии комил дорам, ки Шумо донишҷӯёни саодатманди кишвар, ки ояндасози ин давлату ин миллат ҳастед, аз уҳдаи ин вазифаи муҳимми дар наздатон гузошташуда ба хубӣ мебароед, - гуфт Ҳамидуллохон Фақеров.

Донишҷӯёни курси якум бо тантана ваъда доданд, ки ҳамчун пайрави Пешвои муззами миллат анъанаҳои пуршарафи донишгоҳро идома дода, тамоми кӯшишу ғайраташонро баҳри донишандӯзӣ, мутахассиси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир гардидан ва дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоштан, ба харҷ медиҳанд.

Дар хотимаи қисми тантанавӣ ба як гурӯҳ донишҷӯёни фаъол ифтихорномаю сипосномаҳои раёсати донишгоҳ ва ба донишҷӯёни соли якуми таҳсил билети донишҷӯӣ супорида шуд.

 

Барномаи ҷолиби консертии аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ омодашуда, ки қисми фарҳангии вохӯриро ташкил медод, ба дилҳо шодию сурур бахшид.

Шуъбаи робита бо ҷомеа