Низоми муосир ва креативӣ

Печать

27-уми сентябри соли 2019 дар донишгоҳ дар доираи семинари илмӣ – амалӣ доир ба мавзӯи “Низоми холдиҳӣ – рейтингии ҳафтаина - омили баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён” вохӯрии ректор, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. бо омӯзгорон ва мутахассисон баргузор гардид.

Ҳамидуллохон Фақеров дар доираи мавзӯи матраҳшуда доир ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯ, мавқеи калидии омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар, ба вуҷуд овардани муҳити наву фазои мусоид дар раванди омӯзишу парвариш дар донишгоҳ, аз байн бурдани бетарафию фориғболии омӯзгор нисбат ба донишҷӯ, такмили фарҳанги китобхонии муҳассилин, нақши муҳимми кафедра дар таълим, таҳия ва тадвини журнали нав барои низоми холдиҳӣ – рейтингии ҳафтаина, боло бурдани сатҳу сифати омӯзиш ва аҳаммияти муҳиму стратегӣ доштани илму маориф дар амалигардонии ҳадафҳо ва афзалиятҳои миллӣ суханронӣ намуданд.

 

 

Дар идомаи семинари илмӣ - амалӣ сардори Раёсати таълим, дотсент Муҳиддин Ҳамитов перомуни низоми холдиҳӣ – рейтингии ҳафтаина, баланд бардоштани сифати таълим ва низоми арзёбии он ва наздик шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ибрози андеша кард.

Дар поёни ҳамоиш Ҳамидуллохон Фақеров ва Муҳиддин Ҳамитов ба суолҳои аҳли нишаст посухи муфассал гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа