Таҳсилоти фосилавӣ – воқеияти замони муосир

Печать

20 – уми сентябри соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ вохӯрии ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., сардори Раёсати таълим, дотсент Ҳамитов М.С., мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, дотсент Мирзоев Р.Р. бо донишҷӯёни хориҷие, ки дар курси 1 – уми шуъбаи таҳсилоти фосилавии донишгоҳ таҳсил менамоянд, доир гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров перомуни дӯстии бегазанди мардуми тоҷику ӯзбек, хидмати мондагори ду абармарди арсаи сиёсат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, дастоварду комёбӣ ва заминаи моддию техникии донишгоҳ, суханронии сардори давлати тоҷикон дар бораи баланд бардоштани сифати таълим дар макотиби олии кишвар ва аҳамияту афзалияти таҳсилоти фосилавӣ дар замони муосир ибрози андеша намуданд.

 

Сипас сарвари донишгоҳ ба донишҷӯёни курси 1-уми таҳсилоти фосилавӣ, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, дар вазъияти бошукӯҳ ва хотирмон билети донишҷӯӣ супориданд.

 

Дар идомаи ҳамоиш якчанд нафар донишҷӯ суханронӣ намуда, андешаву таассуроти худро дар бораи дӯстию рафоқати бародаронаи тоҷикону ӯзбекон, шароити мусоиди таълиму тадрис дар донишгоҳ, муносибату муомилаи неки омӯзгорон, ободию хуррамии ҳудуди ин боргоҳи илму маърифат ва рушду шукуфоии бесобиқаи пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри Душанбе бо камоли меҳру ихлос баён намуданд.

 

Дар фарҷоми ҳамоиш Фақеров Ҳ.Н. пешниҳод намуд, ки дар давраи ҳузурӣ, ки 13-уми январи соли 2020 оғоз меёбад, ҳамоиши фарҳангиву фароғатии Шоми дӯстӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шавад. Ин ибтикори сарвари донишгоҳ аз ҷониби аҳли нишаст ба хушнудӣ пазируфта шуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа