Ҷашни бузурги давлатӣ ва миллӣ

Печать

5-уми сентябри соли 2019 дар толори асосии донишгоҳ маҷлиси бошукӯҳ ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ. Н., омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён доир гардид.

Нахуст сарвари донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров бо сухани муқаддимавӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии кишвар табрику таҳният намуда, иброз кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилаӣ шинохта шудааст ва истиқлолияти миллӣ ин шаъну шараф, нангу номус, давлатдории миллӣ, соҳибдавлатӣ ва озодию ворастагӣ аст.

Дар идомаи ҳамоиш дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ Додарбек Хуморов дар мавзӯи “Истиқлолият – ганҷи бебаҳо” суханронӣ кард.

Магистранти курси 2-юми донишгоҳ Нурмуҳаммад Мирзоев дар суханронии худ кулли омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ шодбош гуфт.

Ба омӯзгори кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Маҳмадрасул Қурбонов аз ҷониби профессор, ректори донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. ҳуҷҷати номзади илми иқтисодӣ супорида шуд.

Ба донишҷӯён Насибаи Муталлиб ва Шералӣ Раҳмонов, ки дар озмӯни илмӣ - тадқиқотии донишҷӯёни макотиби олӣ иштирок намуда буданд, барои мақолаи беҳтарини илмӣ дипломҳои дараҷаи 1-ум ва 2 – юм тақдим гардид.
Сипас ба омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён мукофоти пулӣ ба миқдори 300 – сомонӣ эҳдо гардид.

Аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба як зумра омӯзгорон - Абдураҳмонов У, Бойназаров Э, Мухторзода С, Имаева М, Шарифова А, Одинабеков Х. ва Ашурова М. барои фаъолияти пурсамари илмию омӯзгорӣ ифтихорнома тақдим шуд.

Ба собиқадорони донишгоҳ ба миқдори 200-сомонӣ кумак расонида шуд.
Ба деканҳои факултетҳои тиҷорат ва гумрук ва молия ва фаъолияти бонкӣ – Саидова М. ва Аминов Ф. барои фаъолияти босамар ба миқдори 500-сомонӣ мукофоти пулӣ супорида шуд.

Сарвари донишгоҳ дар ҳузури модарони як гурӯҳи донишҷӯдухтарон ба онҳо ва волидайни эшон изҳори сипос намуд, чун ин  донишҷӯдухтарон дар зарфи се сол дар ҳамоишу чорабиниҳои гуногуни сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доштанд, ба ҳар яки ин донишҷӯдухтарон ба миқдори 100-сомонӣ мукофоти пулӣ дода шуд.

Ба коргарони хоҷагӣ ва хобгоҳ ба андозаи 120-сомонӣ маблағ супорида шуд.
Инчунин ба корманди шуъбаи технологияҳои иттилоотию компютерӣ Кенҷаев А. 300 – сомонӣ ва ба донишҷӯ Алиева Д. 200 – сомонӣ маблағ тақдим гардид.

Дар қисми дуюми маҷлис хонандагону донишҷӯёни донишгоҳ бо қироати шеър ва хондани суруд дар ситоиши Истиқлолият, Ватан, Модар ва озодию хушбахтӣ табъу хотири аҳли нишастро болида гардониданд.

Бо ҳамин ҳамоиши бошукӯҳ ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ ҳусни анҷом пазируфт.

 

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа