Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Хабарҳо Татбиқи лоиҳаи "Низоми менеҷменти сифат"

Татбиқи лоиҳаи "Низоми менеҷменти сифат"

Семинари омӯзишие, ки аз 10-ум то 15-уми июни соли равон дар Донишгоҳи шаҳри Пизаи Италия аз ҷониби мушовири байналмилалии Иттиҳоди Аврупо, муовини роҳбари гурӯҳи кории татбиқи раванди Болонӣ, профессор Анн Кэтрин Айзек гузаронида шуд, намояндагони донишгоҳамон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров ширкат варзиданд.

Тибқи барномаи семинар рӯзи 10-уми июн вохӯрии меҳмонон нахуст бо роҳбарияти Донишгоҳи шаҳри Пиза баргузор гардид. Дар оғози семинар дар бораи барномаҳои таҳсилотии амалкунандаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маълумот дода шуд. Сипас, мушовири байналмилалӣ масъалаҳои таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилотиро тибқи стандартҳо ва нишондодҳои аврупоии сифати таҳсилот баррасӣ намуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки барои таҳияи барномаҳои таҳсилот бояд ҷанбаҳои асосии онро, ки аз бандҳои зерин иборатанд, ба инобат гирифт: Ном ва шакли барномаи таҳсилот; Муҳлат ва дараҷаи барнома; Ҷанбаҳои иҷтимоии барнома; Соҳаи ояндаи фаъолияти хатмкунанда; Тавсифи барнома аз рӯи дараҷаҳои касбӣ (ихтисосҳо) бо назардошти фанҳои омӯзишӣ; Самти (профили) барнома; Сохтор (структура) - и барнома; Ҳамоҳангсозии қисматҳои барнома; Назорати дохилии сифат; Дигар ҷанбаҳои муҳим (RELEVANT).

Дар семинари омӯзишӣ таҷрибаи донишгоҳҳои Аврупо, аз ҷумла, Донишгоҳи шаҳри Пизаи Италия аз бар карда шуд.

Намояндагони донишгоҳ ба хулосае омаданд, ки барномаҳои таҳсилотии донишгоҳ тибқи стандарт ва нишондодҳои аврупоии сифати таҳсилот (ESG) аз нав таҳия ва тасдиқ карда шаванд.

Р. Шарифзода

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Татбиқи лоиҳаи "Низоми менеҷменти сифат"