Ситоиши ваҳдати миллӣ

Печать

25 – уми июни соли 2019 дар толори конфронсии донишгоҳ конференсияи илмӣ ва амалӣ ба муносибати 22 – юмин солгарди таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ Файз Акрамов, мудири шуъбаи кор бо бунувони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон Заррина Зуҳурова, муовини раиси Кумитаи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Убайдулло Қурбонов ва омӯзгорону доношҷӯён доир гардид.

Нахуст Файз Акрамов ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, аз ҳузури меҳмонони гиромӣ арзи сипос кард ва таъкид дошт, ки сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон дастоварду комёбии бузург, неъмати бебаҳо барои мардуми шарифи тоҷик ва дарси ибрату омӯзиш барои оламиён аст.

Дар идомаи ҳамоиш доктори илми иқтисодӣ, профессор Абдусаттор Ҷабборов, мудири шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, дотсент Бойалӣ Ҳусейнов ва Заррина Зуҳурова перомуни аҳаммияти бузурги сулҳу ваҳдати миллӣ барои давлату миллати тоҷик, хидмати мондагори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, истиқлолияти энергетикӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар суханронӣ намуданд.

 

 

Ҳамчунин, магистри соли 2-юми донишгоҳ Саъдӣ Додарбеков, донишҷӯён – Дилноза Назарова ва Умед Ҷонмаҳмадов дар мавзӯи сулҳу ваҳдати миллӣ суханронии ҷолибу судманд намуда, дар ситоиши Рӯзи Ваҳдати миллӣ порчаҳои шеърӣ қироат карданд.

Сипас, дотсент Файз Акрамов ба пирӯзмандони сабқати зеҳнӣ ва варзишӣ оид ба шоҳмот дар донишгоҳ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаву сипоснома ва мукофоти пулӣ тақдим намуд, ки дар байни онҳо омӯзгорони варзида Абдукарим Қурбонов, Султон Худойдодов, Давлатмамад Сангмамадов, Додарбек Хуморов ва Маҳмадулло Тӯлиев буданд.

Аз ҷониби доктори илми иқтисодӣ Абдусаттор Ҷабборов ва Заррина Зуҳурова ба омӯзгори ҷавон Нурмаҳмад Мирзоев диплом барои пирӯзӣ дар озмуни “Тоҷикистон – кишвари азизи ман” ва билети узвият ба ҲХДТ супорида шуд. Ба Нисо Шоҳамдамова низ дар ин ҳамоиш билети узвият ба ҲХДТ тақдим гардид.

Дар фарҷом, Файз Акрамов боз як бори дигар аҳли нишастро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфта, ба эшон барои иштироки фаъолона ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҳамоиш изҳори сипос намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа