Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди инноватсионӣ

Масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди инноватсионӣ

21 – уми июни соли ҷорӣ дар толори диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявӣ таҳи унвони “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯза: масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди инноватсионӣ” баргузор гардид.

Ҷаласаи пленарии конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфт ва дар бораи аҳаммияти масъалаи мавриди тадқиқ қарорёфта ба таври мухтасар суханронӣ намуд.

Сипас доктори илми иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи нақлиёти Россия Капустина Надежда Валеревна дар мавзӯи “Направления исследований в области экономики совместного потребления как инновационной формы управления бизнесом в условиях цифровизации экономики” суханронӣ карда, бо мисолҳои мушаххас аҳаммияту афзалияти мавзӯи зикргардидаро баён намуд.

 

Маърӯзаҳои доктори илми иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Абдуғаффор Рауфӣ дар мавзӯи “Тезонидани индустриалиазатсияи иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳони муосир”, профессори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Парвиз Хоҷаев дар мавзӯи “Формирование и развитие инновационной экономики” ва аспиранти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Замир Нурмаҳмадов дар мавзӯи “Состояние и перспективы развития экономической интеграции в СНГ”, ки басо диққатҷалбкунада буданд, ҷанбаҳои гуногуни рушди иқтисоди Тоҷикистон, алалхусус, ба кишвари саноатӣ – аграрӣ табдил додани онро нишон доданд.

Кори конфронс нимаи дуюми рӯз ва 22 – июн дар бахшҳои гуногун идома меёбад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди инноватсионӣ