Бозтоби фарҳангии чакан

Печать

Аз 15-ум то 17-уми июни соли 2019 дар шаҳри бостонии Кӯлоб дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Зиннату ҳусни ҷавонист чакан” гузаронида шуд, ки дар он раиси бонувони донишгоҳ Ҷамила Ғафурова ва донишҷӯдухтарон иштирок намуданд.

Дар фестивал конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар муаррифии фарҳанги миллӣ: чакан мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО” баргузор шуд ва аз ҷониби нотиқон таъкид гардид, ки чакан ҳамчун гулдӯзии миллӣ намоди тамаддуни бузург ва фарҳанги бостонии миллати сарфарозу солори тоҷик мебошад.

 

Пас аз фарҷоми конференсия озмуни ҷумҳуриявии “Маликаи чакан” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯдухтарони донишгоҳ - Миҷгона Нуриддинова ва Матлуба Бегматова сазовори диплому ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа